Фаъоли маданӣ ва яке аз танқидгарони ҳукумати Туркманистон Дурсултон Таганова, ки дар Туркия дастгир гашта буд, аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Истанбул барои шаҳрвандони хориҷӣ озод карда шудааст.
Тагановаро нисфирӯзии 29-уми сентябр, баъди он озод кардаанд, ки вакили дифоаш асноди заруриро пешниҳод намудааст.
Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи "Мемориал" 27-уми сентябр хабар дод, ки пулиси Истанбул Дурсултон Тагановаро дастгир карда, ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳр барои шаҳрвандони хориҷӣ интиқол доданд.
Ба иттилои "Мемориал", ду корманди пулис субҳи 26-уми сентябр ба манзили иҷораи Таганова рафтанд, вале ӯро пайдо накарданд. Кормандони пулис баъди кофтукови манзил ба ҳамхонаи фаъоли туркман гуфтаанд, ки Таганова бояд барои имзои санаде ба шуъба биёяд.
Дертар худи Таганова бо нашри видеое дар Интернет хабар дод, ки эҳтимол аст, ба Туркманистон фиристода шавад. Ӯ ҳамчунин аз фаъолоне, ки зидди ҳукумати Туркманистон баромад мекунанд, хост, "натарсанд". Вай афзуд, кори ғайриқонуние накарда, танҳо дар шабакаи иҷтимоии «Тик-Ток» аз ҳукумати Туркманистон риояи ҳуқуқи худро талаб намудааст.