СММ дар талоши ёфтани 600 миллион доллар кумак ба Афғонистон аст

Шаҳри Кобул, 8-уми сентябри соли 2021

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 13-уми сентябр бо баргузории нишасти байналмилалӣ кӯшиш хоҳад кард, барои Афғонистони мувоҷеҳ бо буҳрони башарӣ 600 миллион доллар кумак дарёфт кунад.

Нишаст бо иштироки дабири кулли СММ, Антонио Гутереш, мансабдорони баландпоя созмон ва камаш 40 вазир дар шаҳри Женева барпо мешавад. Иштирокдорони боқимонда ба воситаи Интернет ба нишаст пайваст хоҳанд шуд. Тасмими баргузории нишаст пеш аз он ки “Толибон” сари қудрат биоянд, гирифта шудааст.

Хушксолӣ ва камбуди пул имкон дорад, вазъи Афғонистонро боз ҳам бадтар кунад. Ҷангҳои охир ҳазорҳо сокини Афғонистонро ба тарки ҷойҳои доимии зисташон маҷбур кардааст.