Намояндаи Тоҷикистон дар бораи паноҳҷӯёни афғон ба СПАД гузориш додааст

Нерӯи вобаста ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро назора дорад. Акс аз бойгонӣ

Кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), як ташкилоти зери нуфузи Русия, вазъи паноҳҷӯён ва мавҷи муҳоҷират аз Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Дар пайи ба дасти "Толибон" гузаштани назорати Афғонистон дар ҳафтае пеш шумори зиёди шаҳрвандони ин кишвар аз тарси таъқиб ва қатлу саркӯб ба хориҷа паноҳ мебаранд.

Мавзӯи паноҳҷӯёни афғон дар Шӯрои ҳамоҳангсози ниҳодҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии СПАД рӯзи 24-уми август матраҳ шудааст. Владимир Зайниддинов, котиби матбуотии созмон, ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, гузориши намояндаи Тоҷикистон дар бораи вазъи паноҳҷӯён аз Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст қарор гирифт.

Ба қавли ӯ, дар ҷаласа гуфта шудааст, кишварҳо ба таври доимӣ вазъи вобаста ба паноҳҷӯёни афғонро назорат мекунанд: "Ҷониби Тоҷикистон... дар сурати хатари эҳтимолии гузаштани паноҳҷӯён аз сарҳади давлатии кишварҳои узви СПАД ба котибот иттилоъ медиҳад."

Мақомоти Тоҷикистон то ин дам дар бораи паноҳҷӯён аз Афғонистон ба таври расмӣ ба матбуот иттилоъ надодаанд. Маълум нест, ки пас аз ишғоли Кобул аз сӯи ҷангҷӯён чӣ қадар аз паноҳҷӯён ба Тоҷикистон омадаанд.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, шаби 15-уми август 143 нафар, асосан мансабдорони пешин ва низомиён, бо ҳавопаймову чархбол ба Тоҷикистон паноҳ оварданд. Иттилои аз ин бештар дар даст нест.

Таҳти назорати "Толибон" гузаштани Кобул ва аксар қаламравҳои Афғонистон, ба ҷуз водии Панҷшер, ҳазорҳо сокини ин кишварро водор кард, ки аз ватан берун раванд. "Толибон" аз мардум талаб доранд, ки дар кишвар бимонанд ва ваъдаи афв медиҳанд, вале бисёриҳо бовар надоранд.

Агар аз як сӯ далели талоши тарки Афғонистон кардани ҳазорҳо нафар эҳтимоли қасосгирии Толибон ва хотироти талх аз замони ҳукмронии онҳо (1996-2001) бошад, мушкилоти иқтисодиву фақри амиқ далели дигари рӯ овардани паноҳҷӯён ба кишварҳои дигар будааст. Чанд кишвари аврупоӣ гуфтаанд, ҳамсояҳои Афғонистон метавонанд, макони қабули паноҳҷӯён шаванд, аммо Русия розӣ нест.