Дар пайи тасарруфи чанд минтақаи наздимарзӣ дар Афғонистон аз тарафи Толибон, ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳад аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) ёрӣ хостааст.
Ҳасан Султонов, намояндаи Тоҷикистон дар ин созмони зери назорати Русия гуфтааст, “бо назардошти вазъи пешомада дар минтақа, инчунин, ба хотири он ки баъзе аз қисматҳои алоҳидаи марз бо Афғонистон дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ ҷойгир аст, ба танҳоӣ ин вазифаро иҷро кардан душвор аст.”
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, давоми ду ҳафтаи охир дар пасманзари ҳуҷуми Толибон ба нерӯҳои давлатии Афғонистон, наздик ба якуним ҳазор сарбози афғон марзи Тоҷикистонро убур карданд.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи нашрияи русии "Известия", сардори Ситоди муттаҳидаи ОДКБ, Анатолий Сидоров, барои арзёбии вазъияти сарҳад бо Афғонистон бо як гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Пештар Русия гуфта буд, ки омодааст, дар сурати ниёз ё зарурат барои амнияти муттаҳидони худ дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) аз пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон истифода кунад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи 7-уми июл ҳангоми нишасти матбуотӣ дар пойтахти Лаос гуфт, "мо аз наздик ончиро, ки дар Афғонистон мегузарад, зери назар дорем. Вазъияте, ки эҳтимоли бадтар шудани босуръати он дар пайи хуруҷи саросемавори нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО вуҷуд дорад".
Дар моҳҳои охир гуруҳи Толибон дар шимоли Афғонистон, минтақаи наздик ба марзи Тоҷикистон, фаъол шуда, ноҳияҳои зиёдеро ишғол кардааст.
То кунун беш аз ҳазор паноҳанда ва ҳудуди ду ҳазор сарбози афғон дар пайи ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, сарбозони паноҳбурдаро ба Кобул баргардонданд.