Чаро "Имон" ба чоҳ афтод? Миллионҳо доллар ҳамчун қазияи "пулшӯйӣ" -- OCCRP

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар бинои Имон интернешнл. Акс аз Фейсбук

OCCRP, Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, дар як таҳқиқот ошкор кардааст, ки чӣ тавр тавассути "Имон интернешнл" миллионҳо доллари шубҳанок аз Тоҷикистон ба хориҷ фиристода шудааст. Ин маблағҳоро ширкати "Сохтмон" бо "ҳадафи тиҷорат" ба Чин ва Ҳонг Конг равон кардааст, вале рӯзноманигорон маълум кардаанд, ин ширкат ба ягон намуди тиҷорат машғул нест. Ба навиштаи муаллифи таҳқиқот, Бонки миллиро аз интиқоли маблағҳо ба хориҷ огоҳ кардаанд, вале чора надидааст. Ҳарчанд, баъдан ин бонк ба хотири пулшӯйӣ мавриди тафтиш қарор гирифт ва барои соҳибонаш дарди сар эҷод кард. Дар ин таҳқиқот соҳиби ширкат ва мавзегирии саҳмдорони хориҷии "Имон интернешнл"-ро ба ин қазия рӯшан кардаанд. Радиои Озодӣ бо ризоияти OCCRP ва бо назардошти мураккаб будани ин таҳқиқот матни пурраи онро бознашр мекунад:

Бахши аввали таҳқиқот: "Имон"-ро кӣ хӯрд? Миллионҳои шубҳанок ё фишори Бонки миллӣ?

Муаллиф: Иля Лозовский, OCCRP-Тоҷикистон

Моҳи июли соли 2017 як муштарии аҷибу ғариб дар ташкилоти хурди амонативу қарздиҳии Imon International (Имон интернешнл), як созмони пешрав дар Тоҷикистон, ҳисоби бонкӣ кушод.

Ҳарчанд ӯ худро воридкунандаи масолеҳи сохтмонӣ медонист, ширкаташ дар манзили зисте сабтином шуда буд, ки барои нигаҳдории чунин масолеҳ анбор надошт. Ҷустуҷӯйи номи ширкат дар Интернет натиҷа надод ва маълум шуд, ки он собиқаи чашмрасе дар тиҷорат надорад. Дар асл, ин ширкат ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз боз шудани суратҳисоб сабтином шуда буд, аммо хеле зуд ба фиристодани пул шурӯъ кард.

Ҳамагӣ дар зарфи панҷ моҳ ширкати "Сохтмон Н" ба ҳадде ба "Имон" маблағи нақд ворид кард, ки кормандони бонк мошинҳои изофии ҳисобкунак хариданд. "Сохтмон" баъдан ба кормандони "Имон" фармудааст, ки амонаташро ба доллари амрикоӣ баргардонӣ кунанд ва дар маҷмӯъ 48 миллион долларро ба гурӯҳи ширкатҳое дар Чин ва Ҳонг Конг фиристанд.

Дар камтар аз ним сол, амалиёти фиристодани маблағҳои “Сохтмон” баробар ба ҳудуди 20 дарсади тамоми он маблағҳое буд, ки ҳамаи мизоҷони “Имон” давоми панҷ сол ба берун аз кишвар фиристода буданд.

Замоне ин амалиёти пулӣ ошкор шуд, онро ҳамчун нақзи ҷиддии меъёри зидди пулшӯйӣ дар “Имон” хонданд ва он як саҳнаи калидӣ дар мубориза барои ояндаи ин ташкилот шуд.

Ҳадаф аз ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба он маъност, ки сатҳи дониши лозим барои роҳандозии тиҷорате ба ин бузургӣ доред. Онҳо бояд чизе, ки рух дод, дуруст арзёбӣ мекарданд ва масъулиятро бар дӯш мегирифтанд.
Грэм Бэрроу

Ин моҷаро дар Тоҷикистон собиқа надорад. Воқеан, чунин амалиёти шубҳанок як қисми асливу бунёдии ба истилоҳ "иқтисоди пасипардагӣ"-и кишвар ба шумор меравад, ки дар он соҳибкорони маҳаллӣ барои воридоти молу маҳсулот аз корчаллонҳо истифода мекунанд. Чунин таҷриба нақзи арзишҳои қонун аст, ки хавфи пинҳон мондани амалҳои ҷиноятиро бештар мекунад.

"Албатта, ин барои як ташкилоти молиявӣ хуб нест", -- гуфт Зафар Абдурашидов, яке аз раҳбарони собиқи “Имон”, вале афзуд, "бо ҳамин шева дар Осиёи Марказӣ кор мекунанд."

Бо ин ҳол, “Имон” танҳо як ташкилоти молиявии одӣ набуд. Он аз як ташкилоти ғайритиҷоратии хурд, ки аз ҷониби ду зани маҳаллӣ таъсис ёфта буд, ба яке аз бонуфузтарин созмони амонативу қарзӣ дар кишвар табдил ёфт. Ташкилот замоне маъруфият пайдо кард, ки тавонист созмонҳои бонуфузи молиро, ки ба додани қарз ба занони соҳибкор манфиатдор буданд, ҷалб намояд.

Воқеан, замоне ки ширкати “Сохтмон” ба интиқоли пул аз тариқи "Имон" оғоз кард, дар Шӯрои мудирони он, саҳмдорони хориҷӣ аз ҳисоби созмонҳои бонуфуз дар умури сохтмон, мисли Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD), бартарӣ доштанд.

"Вазифаи сармоягузорони хориҷӣ иборат аз таъмини он аст, ки идоракунии ташкилот бо ҳадаф мувофиқат кунад, зеро он дигар як созмони байналмилалӣ аст", - гуфт Грэм Барроу, коршиноси мустақил дар масоили ҷиноёти молӣ. "Вале аз берун чунин ба назар мерасад, ки идоракунӣ боэътимод набудааст".

Ин коршинос афзуд: "Ин таассуфбор ба назар мерасад, вақте созмони байналмилалии бонкӣ меъёрҳои байналмилалиро татбиқ накардааст ё барои ислоҳи вазъ талоше анҷом надодааст."

Антон Усов, намояндаи БАТР ба саволҳои мушаххас дар бораи муомилоти шубҳаноки ширкати “Сохтмон” посух надод, аммо гуфт, ки пас аз ошкор шудани мушкилот "сохтор ва равандҳои назорати дохилии “Имон” ... зери назорати Шӯрои директорон ва саҳомони “Имон" такмил дода шуданд.”

Саҳомони дигари хориҷии “Имон” дар бораи муомилоти шубҳанок посух надоданд. Бар асоси як санади дохилӣ, “Имон” пас аз он меъёри мубориза бо пулшӯиро беҳтар кард, вале раҳбарияти кунунии он ба суолҳо барои шарҳи ин масъала посух надоданд.

Муштарии нави “Имон”, ки гӯё воридкунандаи масолеҳи сохтмонӣ буд, дар ин бино, дар кӯчаи Пушкини Душанбе сабти ном шудааст.

“Якрангии шубҳанок”

Ҳолати рухдода бо ширкати “Сохтмон” ду бор мавриди тафтиш қарор гирифт: Як бор дар дохили худи “Имон” ва баъдан аз ҷониби ширкати байналмилалии аудитории “Deloitte”.

Рӯзноманигорон ба натиҷаи ин ду тафтиш даст ёфтанд, ки ин барои омӯхтани фаъолияти дохилии як муассисаи молиявии Тоҷикистон, ки бо як муштарӣ дучори мушкил шудааст ва он чӣ оқибатҳое дар пай доштааст, имконияти нодиреро фароҳам кард.

Ҳарчанд ҳеч кадом аз ин гузоришҳо муштариро ошкор намекунанд, OCCRP тавонист соҳиби “Сохтмон”-ро тариқи маълумоти қисман таҳриршудаи ширкати тоҷикии реестр ё махзани маълумот шиносоӣ кунад. Дар қайди махзани маълумот номи зане ҳамчун молики ширкат сабт шуда буд, ки соҳиби ҳечгуна тиҷорати дигар набуд ва дар Интернет низ маълумоте дар бораи ӯ вуҷуд надошт.

Суоле ба миён омад, ки аз куҷо ӯ ба чунин маблағи бузурге дастрасӣ пайдо кардааст. Бо вуҷуди ҷустуҷӯи ҷиддӣ, хабарнигорон натавонистанд муайян кунанд, ки пушти ширкати “Сохтмон” ва миллионҳо доллар кӣ меистад.

Чунин ба назар мерасад, ки кормандони “Имон” чандон маълумоти зиёд дар бораи ширкати “Сохтмон” надоранд, ҳарчанд аз ин ширкат барои интиқол миллионҳо долларро қабул кардаанд ва ин маблағҳо тариқи ташкилоти онҳо ба берун рафтааст. Бо онки ширкат тамоми нишонаҳои муштарии дорои хавфи баландро дошт, вале ҳатто маълумоти асосиро дар бораи амалиёти он напурсидаанд ва талош накардаанд, ки фаъолиятҳои тиҷоратии онро тасдиқ кунанд.

Кормандони “Имон” ҳатто аз номи “Сохтмон” амалиёти интиқолро анҷом дода, аз номи одамҳое маблағ қабул кардаанд, ки дар ҳуҷҷатҳои ширкат ишора нашудаанд. Бақияи суртаҳисоби ширкати “Сохтмон” ҳамеша ба сифр баробар будааст. Ин нишон медиҳад, ки ширкат танҳо бо ҳадафи берун кардани пул ба хориҷи кишвар истифода шудааст.

Ширкат танҳо қисме аз ҳуҷҷатҳои воридоти молро, ки тавре дар коғаз гуфта мешавад, анҷом додааст, пешниҳод кардааст.

Коршарикони “Сохтмон” дар Чин ва Ҳонг Конг низ шубҳаи зиёдеро ба вуҷуд оварданд. Машғул будани ин ширкатҳо ба кадом коре дар сарчашмаҳои боз зикр нашудааст. Аксари онҳо як провайдери хизматрасонро номбар кардаанд, ки ширкатҳо дар ҳамон суроғаи бақайдгирии умумӣ сабти ном шудаанд.

“Сохтмон” шартномаҳое пешниҳод кардааст, ки бо онҳо тиҷорат дорад, аммо баъзе аз шартномаҳо монанд буда, танҳо аз намунаҳои русӣ нусхабардорӣ шудаанд ва хато доранд. Тибқи гуфтаи ширкати аудитии “Deloitte”, Шуъбаи риояи қонунҳои “Имон Интернешнл” бо вуҷуди табиати шубҳаноки амалиёт “таҳлили муфассал ва тафтиши амиқи “Сохтмон”-ро” анҷом надодааст.

Ҳангоми афзоиши шумораи амалиёти шубҳаовар мудири яке аз филиалҳо шубҳа кард, вале дар Шуъбаи риояи қонунҳо ба ӯ гуфтанд, ки масъала аллакай ҳал шудааст.

Дар мактуби электроние, ки дар он аз ҳисоботи “Deloitte” иқтибос оварда шудааст, хоҳиш шудааст, ки “ҳама амалиёти минбаъдаро” аз моҳи сентябр-чанд моҳ пеш аз бастани ҳисобҳояш бо ин ширкат қатъ кунанд, вале дар дафтари “Имон Интернешнл” гуфтаанд, ки бо ширкат (“Сохтмон”) ҳеч мушкил вуҷуд надоранд ва мо бояд хидматрасониро давом диҳем.

Дар ҳисоботи “Deloitte” гуфта мешавад, ки мудирони “Имон Интернешнл” амалан “Сохтмон”-ро барои ворид кардани маблағи зиёд ба суратҳисоб ҳавасманд кардаанд, ки ин барои ҳали мушкили камбуди асъори миллӣ дар шӯъбаҳои ташкилот кумак кардааст.

Шуъбаи назорату риояи қонунҳо дар “Имон Интернешнл” чанд бор ба Бонки миллӣ муроҷиат карда, бо ирсоли санади хидматӣ, бо тасвири ҷузъиёти мушкилоти вижаи “Сохтмон”, дархост кардааст, ки “барои чораҳои иловагӣ андешидан дастурҳои зарурӣ” диҳанд. Онҳо дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шартнома ва маълумот дар бораи шарикони “Сохтмон”-ро фиристодаанд.

“Бонки миллӣ то охирин дирам медонист, ки чӣ миқдор маблағ ба Чин интиқол ёфтааст”, -- гуфт директори собиқи “Имон Интернешнл” Зокир Абдрашидов ва илова кард, ки “мо дар бораи миллионҳо доллар гуфта будем.”

Аммо бар асоси гузориши “Deloitte”, Бонки миллӣ “бо вуҷуди зангҳои батакрор ва номаҳои электронӣ” посухе надод. Дар натиҷа кормандони “Имон Интернешнл” “мустақилона ба хулосае расиданд, ки кор бо ин ширкатро (“Сохтмон”) давом диҳанд, ҳарчанд амалиёти якранги он шубҳаҳоро ба вуҷуд оварда буд.”

"Бозори сиёҳ"

Бонки миллӣ ба суоли рӯзноманигорон, ки чаро ба дархости “Имон Интернешнл” таваҷҷӯҳ накард ва дар робита ба “Сохтмон” тавсия ироа накард, посухе надод.

Яке аз сабабҳо метавонад ин бошад, ки чунин ширкатҳо як бахши маъмулии “иқтисоди сиёҳ” дар кишвар мебошанд ва афроде, ки пушти онҳо меистанд, бо нафароне дар сатҳи болои ҳукумат робита доранд. Ин барои раҳбарияти “Имон Интернешнл” сир ҳисоб намеёфт. “Deloitte” аз номаи Гулбаҳор Маҳкамова, директори ҳамонвақтаи “Имон” иқтибос овардааст, ки андешаи худро дар бораи вазъияти ширкат дар як номаи электронӣ баён кардааст.

“Сохтори иқтисоди кишвар чунин аст, ки ширкатҳои миёнараве тамоми амалиёти бонкиро барои соҳибкорони хурду миёна анҷом медиҳанд”,--навиштааст ӯ ва гуфтааст, “маъмулан чунин ширкатҳои миёнарав дар тиҷорат муддати дароз намемонанд, вале то замоне ки фаъолона амалиёт анҷом медиҳанд, ҳимоят мешаванд.”​

Нонфурӯше дар бозори Душанбе

Дар ҳарду таҳқиқ ба хулосае омадаанд, ки ширкати “Сохтмон” зоҳиран миёнараве буд, ки аз хориҷ бо номи ширкатҳои маҳаллӣ харид анҷом медод. Ин усулҳо барои ҳалли мушкилоти боркашонӣ (логистикӣ), гурез аз пардохти боҷу андозҳо ва ҳамчунон назорати мубодила ва интиқоли асъор истифода мешаванд.​

Чунин шеваи хидматрасонӣ озодона дар сомонаҳои тоҷикӣ таблиғ мешавад:

“Deloitte” дар таҳлил (шарҳ)-и худ аз бозори сиёҳи Тоҷикистон матни таблиғи инетернетии ширкатеро меорад, ки хариду воридоти мол аз хориҷро пешниҳод мекунад:
“Мо бо Чин 10 сол боз кор мекунем ва тамоми нозукиҳои сода кардани харҷи нақлиётро медонем. Ба ҷуз ин, ба дарки фарҳанги тиҷорат дар Чин меравем ва таҷрибаю ҳамкорони худро дорем”, -- гуфта шудааст дар он
Баъдан онҳо “сангҳои сари роҳ”-ро дар сурати даст кашидан аз хидматрасонии худашон шарҳ медиҳанд: “Фарз кардем, ки хоҳиши ба Чин рафтан доред, вақти зиёдеро барои чизе, ки лозим доред, сарф хоҳед кард ва дар ниҳоят молро аз тоҷирони беинсоф ва бевиҷдон хоҳед харид. Агар забони чиниро намедонед, тарҷумон бояд киро кунед.”
Ширкат бартариҳои хидматрасонии худро таъкид мекунад: "Эҳтимол намедонед, ки чӣ тавр бо роҳи дуруст ба Тоҷикистон мол фиристед... бо якҷо кардани борҳои гуногун, мо метавонем натанҳо вазни бори Шуморо кам кунем, балки хароҷоти боркашониро низ хеле камтар кунем. Агар мустақим аз ҳисоби ширкати тоҷикӣ маблағ фиристед, бисёре аз ширкатҳо маҳсулоти худро бо нархи гарон мефурӯшанд. Ширкате дорем, ки ба ҳисоби ширкатҳои чинӣ маблағ интиқол медиҳад ва мо метавонем ба Шумо дар сарфа кардани аз 10 то 17 дар сад танҳо аз НДС ёрӣ кунем.”

Аммо ин наметавонад амали онҳоро “сафед” кунад. Истифодаи ширкатҳои миёнарав шаффофият дар тиҷорати байналмилалии Тоҷикистонро зери суол мебарад ва метавонад боис ба саркашӣ аз андозу ӯҳдадориҳои дигар шавад.

Ин амалиёт ҳамчунин метавонад, чун як роҳи пинҳон кардани фаъолиятҳои зиёновар истифода шавад. “Дар таҷрибаи мо, амалиёти қонунии содироту воридсозӣ метавонад чун амалиёт барои берун бурдани пул аз кишвар истифода шавад.” –- навиштааст “Deloitte”.

Бо ин вуҷуд, дар ягон ҳисоботу гузориш далели пулшӯйӣ пайдо нашудааст. Ба далели хомӯшӣ ё беамалии “Имон” исботи ин номумкин шудааст. Мақомоти тоҷик тафтишот нисбат ба ширкати “Сохтмон”-ро пас аз аллакай баста шудани суратҳисоби он оғоз кардаанд, аммо натиҷаи тафтишотро нашр накардааст.​

Киро бояд гунаҳкор кард?

Бар иловаи “Сохтмон”, тафтиш ё аудити “Deloitte” ҳамчунин 14 муштарии “Имон Интернешнл”-ро бо айнан ҳамон амалу маълумоти шубҳанок, аз ҷумла ҳамон коршарику амонатгузорон, ҳамон суроға ва намояндаҳо ошкор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2014 то декабри 2018 ин муштариён тариқи суратҳисоб дар “Имон Интернешнл” ба хориҷи кишвар 61 миллион доллар фиристодаанд. Шахсияти онҳо ва ҳадафу макони интиқоли маблағ ифшо нашудааст. “Deloitte” баъзе аз ин муштариёни “Имон Интернешнл”-ро шубҳаовар меҳисобад, вале бо ин вуҷуд, “фаъолияти онҳоро амиқ тафтиш накардаанд” ва раҳбари кулли муассиса, Гулбаҳор Махкамова ҳам “барои пешгирӣ аз чунин муносибатҳои тиҷорӣ миёни онҳо ягон амале анҷом надодааст”.

Дар маҷмӯъ ин ҳама маблағҳои интиқолшуда якҷо бо маблағи интиқолии ширкати “Сохтмон” 44 дар сади маблағҳои фиристодаи муштариёни "Имон" ба хориҷи кишварро ташкил медодааст. “Deloitte” ба ин хулоса омадааст, ки Маҳкамова “барои ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накарда, бо пулшӯӣ мубориза набурдааст. (Худи Гулбаҳор Махкамова, аз шарҳи ин мавзӯъ дар ҷарраёни таҳқиқот худдорӣ кардааст)

Аммо маълум шуд, ки мушкилот бештар реша давондааст. Пас аз ошкор шудани теъдоди зиёди дигар муштариёни шубҳанок, “Deloitte” ба хулосае омадааст, ки “Имон Интернешнл” “тавони эҷоди монеа ва баррасиҳои кофӣ, ки имкон медиҳад, муомилоти шубҳанокро саривақт шиносоӣ карда, аз онҳо пешгирӣ кунад, надорад.”

Он замон саҳомони хориҷии “Имон Интернешнл” дар Шӯрои он аллакай аксарият буданд ва ширкат ба он ифтихор мекард, ки таҷрибаи беҳтарини идоракуни корпоративиро бо шарикони байналмилалӣ дорад.

Грэм Бэрроу, коршиноси мустақил дар умури ҷиноятҳои молӣ чунин мешуморад, ки онҳо масъулияти ҳодисаи рухдодаро бояд ҳамроҳ бар дӯш дошта бошанд.

"Ҳадаф аз ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба он маъност, ки сатҳи дониши лозим барои роҳандозии тиҷорате ба ин бузургӣ доред", -- гуфт ӯ ва афзуд, ки "онҳо бояд он чизе, ки рух дод, дуруст арзёбӣ мекарданд ва масъулиятро бар дӯш мегирифтанд."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Имон"-ро кӣ хӯрд? Миллионҳои шубҳанок ё фишори Бонки миллӣ? Таҳқиқи OCCRP "Имон интернешнл"-- дар маркази як моҷарои байналмилалӣ