"Имон"-ро кӣ хӯрд? Миллионҳои шубҳанок ё фишори Бонки миллӣ? Таҳқиқи OCCRP

Credit: David Istvan/ OCCRP

OCCRP- Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта дар як тадқиқоти хеш ошкор намудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон зимни як амалиёт муассисон ва роҳбарони ташкилоти хурди қарзиву амонатии “Имон интернешнл”-ро маҷбур кардааст, ки бо нархи арзон саҳмияҳои худро фурӯшанд ва роҳбарони ин ташкилот барканор шаванд. Муҳақиқони OCCRP мегӯянд, ин амалиёт зери назари Ҷамолиддин Нуралиев муовини раиси Бонки миллӣ ва домоди президент дар ҳамдастӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва соҳибкори итолиёвӣ Винчензо Транӣ сурат гирифтааст. Радиои Озодӣ бо ризояити OCCRP ва бо назардошти мураккаб будани ин таҳқиқот матни пурраи онро бознашр мекунад:

БАТР ба сармоягузорӣ хориҷӣ дар фурӯ бурдани ташкилоти пешсафи молиявии Тоҷикистон ва берун андохтани муассисони он кӯмак кардааст.

Муаллиф: Иля Лозовский, OCCRP-Тоҷикистон

"Имон интернешнл" машҳуртарин ташкилоти хурди қарздиҳӣ дар Тоҷикистон, тайи ду даҳа барои кӯмак ба занони соҳибкор сохта шуд. Ба муассисони маҳаллии он аз тарафи Бонки Миллӣ фишор оварда шуд, то ин ниҳодро бархилофи иродаи худ ба як сармоягузори хориҷӣ фурӯшанд.

Бозёфтҳои асосӣ

• Тасарруфи "Имон интернешнл" ва зери роҳбарии Винчензо Транӣ гузаштани ташкилот. Ин соҳибкори итолиёӣ соҳиби чанд фонди сармоягузорӣ дар Люксембург аст ва робитаҳои қавӣ дорад.
• Ин амал аз сӯи дигар саҳмдорони хориҷии "Имон интернешнл" ҳимоят шуд, аз ҷумла Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР). Бонки бонуфузи рушд ҳатто саҳми бештари "Имон интернешнл"-ро ба даст овард.
• Талошҳои хориҷиён барои зери даст даровардани ин ташкилот аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, ки муовини раиси он домоди президенти кишвар аст.
• Ҳарчанд "Имон интернешнл" муваффақ ва обрӯманд буд, аммо далелҳои амалакарди суст дар робита ба мубориза бо пулшӯйӣ дар он ошкор шуд. Чунин бархӯрд имкон дод, ки бинобар назорати суст, даҳҳо миллион доллар ба хориҷа бароварда шаванд.

Дар кишвари саркӯбгаре, мисли Тоҷикистон ташкилоте мисли "Имон интернешнл" чашмрас аст. Ташкилоти қарзии хурдро ду зани маҳаллӣ баъди ҷанги шаҳрвандӣ, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ солҳо идома дошт, таъсис додаанд. Ҳадафи онҳо аз ибтидо расонидани хадамоти молиявӣ ба занони соҳибкор буд. Тайи ду даҳаи оянда, Гулбахор Маҳкамова ва Санавбар Шарифова "Имон интернешнл"-ро ба як қиссаи муваффақият табил доданд, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Қарзҳои хурди сармоягузорони мӯътабари хориҷиро ҷалб ва рисолати иҷтимоии худро пайгирӣ намуда, аз оилаи ҳоким дар Тоҷикистон худро дур нигоҳ медоштанд. Аммо муассисони тоҷики "Имон интернешнл" аз ин ташкилот берун андохта шудаанд. Оғози соли равон саҳҳомони хориҷӣ назорати пурраи ташкилотро ба даст оварданд.

Санавбар Шарифова ва Гулбаҳор Маҳкамова, муассисони "Инмон интернешнл" ва Зокир Абдурашидов собиқ узви Шӯрои мудирон ва раиси ташкилот.

Ин тағйир барои омма ҳамчун “риояи қоидаҳо ва такмили идоракунии корпоративии ба Имон зарурӣ” шарҳ дода шуд. Маҳкамова ва Шарифова дар бораи канор рафтани худ на он замон ва на ҳоло ошкоро чизе нагуфтанд. Таъқибот дар Тоҷикистон хеле бераҳмона ва дигардандешӣ ба ҳадде хатарнок аст, ки шумораи ками одамон омодаанд бо хабарнигорон бо номашон сӯҳбат кунанд. Аммо мусоҳибаҳои сершумор ва инчунин ҳуҷҷатҳои дохилии бадастовардаи OCCRP нишон медиҳанд, ки воқеан ин як ғасби душманонаи ташкилот аз сӯи саҳмдорони хориҷии он аст.

Миллионҳои шубҳанок

Муддати панҷ моҳ, "Имон интернешнл" ба як ширкати нав сабтиномшуда иҷозат дод, ки 48 миллион долларро дар амалиёти шубҳанок ба Чин ва Ҳонгконг фиристад. Ин ҳодиса мушкилоти ҷиддӣ дар анҷоми расмиёти мубориза бо пулшӯйӣ ва "шинохти муштарӣ”-ро дар "Имон интернешнл" ошкор кард.

Инро Винчензо Транӣ, як соҳибкори итолиёии муқими Маскав, ки робитаҳои васеи сиёсӣ дорад, роҳбарӣ мекард. Транӣ дар аввал кӯшид, ки саҳмияҳои муассисони маҳаллии Имонро бо нархи арзон харидорӣ кунад. Вақте онҳо рад карданд, ӯ як маъракаи хашини бадномсозиро ташкил карда, дар фаъолияти ташкилот камбудиҳои ҷиддиро ба миён овард, то саҳомони маҳалиро канор занад. Вай дар симои Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва домоди президент, як шарики омода ва тавоноро пайдо кард. Ҳангоме ки Транӣ аз паи харидани саҳмияҳои Имон буд, Бонки Миллӣ, ки дер боз бо муассисони "Имон интернешнл" душманӣ дошт, фишорро афзоиш дод, то оне ки муассисон розӣ шуданд, саҳмияҳои худро фурӯшанд.

Зокир Абдурашидов, яке аз роҳбарони собиқи "Имон интернешнл" гуфт, ин амалиёт намунаи “ғасби рейдерӣ” буд, ки дар китобҳои дарсӣ аст. "Шумо метавонед зери ин гуфта номи маро гузоред."-, таъкид кард Абдурашидов. Ғасбкории Транӣ аз ҷониби маъруфтарин саҳмдори хориҷии "Имон интернешнл" -- Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дастгирӣ ёфт. Дар ин раванд, бонк ҳатто худ саҳмияҳои изофӣ ба даст овард.

БАТР- як бонки рушди мустақар дар шаҳри Лондон мебошад, ки пас аз суқути коммунизм дар Аврупои Шарқӣ бо мақсади пешбурди "иқтисоди бозаргонӣ" таъсис ёфтааст. Онро даҳҳо кишвари узв, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ ва роҳбарӣ мекунанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти кунунии "Имон интернешнл" ба дархости шарҳи ин мавзӯъ посух надоданд. Дар посухи катбӣ ба саволи OCCRP Транӣ навишт, ки "касе муассисони "Имон интернешнл"-ро ба фурӯши саҳмияҳояшон маҷбур накардааст" ва доштани ҳама гуна равобити шахсӣ ё касбиро бо Ҷамолиддин Нуралиев ё чеҳраҳои дигари сиёсии Тоҷикистон рад кард. Вай аз посух додан ба саволҳои муфассал дар бораи "Имон интернешнл" худдорӣ варзида, ба як баёнияи БАТР ишора кард, ки чанд рӯз пеш аз интишори ин матлаб нашр шуд. Дар ин баёния бори дигар таъкид шудааст, ки фурӯши саҳмияҳо комилан "мутобиқ ба қонунгузории маҳаллӣ" ва "тасмимҳои корпоративии ҷонибҳои дахлдор" сурат гирифтааст. БАТР ҳам ба суолҳои мушаххаси OCCRP посухи муфассал надод. Антон Усов сухангӯи БАТР гуфт, ки бахши арзу шикояти БАТР иттиҳоми “таҳдид ва ғасби душманона"-и саҳмияҳои "Имон интернешнл"-ро "мӯшикофона ва муфассал" таҳқиқ кард, аммо ҳеч кадоме аз ин иттиҳомҳо “боварбахш ва воқеӣ” набуданд. Усов итиҳомотро "ғалат ва тавсифи нодуруст" хонд, аммо ҳеч далеле пеш наовард. Якчанд аъзои кунунӣ ва собиқи шӯрои мудирони "Имон интернешнл" бо ишора таъқиб шудан аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ карданд.

Тасарруф ва ё фурӯбарӣ

Дар Тоҷикистон "бонкҳо зиёданд, аммо онҳо аз муштариёни худ наметарсанд", мегӯяд Роман Могилевский, иқтисоддони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон. "Инҷо вазъият баръакс аст: мизоҷон аз бонкҳо метарсанд,”- афзуд ӯ.

Сабаби ин ҳолат, ба гуфтаи вай, мудохилаи доимии сиёсӣ ба кори бонкҳост. Дар натиҷа, бисёре аз сокинони Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хурди қарзиро авлотар медонанд, ки омодаанд, бо мизоҷони оддӣ ҳамкорӣ кунанд. Хизматрасонии ин ташкилотҳои хурди қарзӣ барои сокинон, шароити беҳтари гирифтани пули интиқолдодаи хешон аз хориҷа, қарз барои хариди телефони мобилӣ ё маблағгузории тиҷорати хурдро фароҳам меорад. Ин ташкилоти хурди қарзии Маҳкамова ва Шарифова мебошад, ки дар ниҳоят ба як ифтихори миллат табдил ёфт. Он ҳамчун як ташкилоти ғайритиҷоратӣ бо номи “Фонди Имон” оғоз ёфт, ки ба зудӣ шарикони байналмилалиро ҷалб кард, ки нияти иҷро кардани барномаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон доштанд.

Гулбаҳор Маҳкамова, яке муассисони "Имон интернешнл" дар ҷашни Наврӯз

Соли 2005 “Фонди Имон” аз БАТР 1 миллион доллар қарз гирифт. Ин барои Тоҷикистон як рӯйдоди бузурге буд, ки дар маросими имзо шудани ин лоиҳа президенти дерин ва худкомаи ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид. Пас аз он Маҳкамова ва Шарифова барои рушди тиҷорати худ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ташкилоти “Имон Интернешнл”-ро таъсис доданд. “Фонди Имон”-и онҳо саҳмдори асосии он буд, аммо ба зудӣ ба он якчанд сармоягузори хориҷӣ, аз ҷумла БАТР ҳамроҳ шуданд, ки соли 2013 як ҳисса саҳмияҳои ин ташкилотро ба даст оварданд. Ин нахустин сармоягузории бонки рушд дар як ташкилоти маблағгузории хурд буд.

Шариконаш "Имон интернешнл"-ро хуб мешинохтанд ва онро як намунаи муваффақ меномиданд. БАТР Маҳкамова ва Шарифоваро барои соҳибкории бобарор бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ кард ва бо ин ду зан зуд-зуд ҳамчун мутахассиси маблағгузории хурд ва боло бурдани зарфияти занон дар тиҷорат мусоҳиба анҷом медод. Аммо дар дохил, вазъи ин ду нафар чандон хуб набуд.

Хешовандони пурқудрат

Ширкатҳои хусусӣ дар ин кишвар бояд бикӯшанд, ки касе аз аъзои хонаводаи президент онҳоро “чап” нагирад. Тавре як иқтисоддон аз Тоҷикистон дар ин робита гуфт, вақте ширкат хеле бузуруг мешавад, онро “аз худ мекунанд, фурӯ мебаранд ва ё комилан аз бозор меронанд”. Эмомалӣ Раҳмон рақибони эҳтимолияшро хеле сахт назорат мекунад. Президент ва аъзои оилаи ӯ ҳамагӣ зодаи ҷануби кишваранд. Онҳо хусусан ба ҳама гуна нерӯҳои мустақил, ки дар вилояти Суғд ба миён меоянд, ҷое ки “Имон интернешнл” қарор дорад, бархӯрди душманона доранд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодани шӯъбаи "Имон интернешнл"

Соли 2015 вақте ки “Имон интернешнл” барои ба даст овардани муҷаввизи пурраи бонкӣ муроҷиат кард, бо яке аз пурнуфузтарин одамони президент рӯ ба рӯ шуд. Бо муовини раиси Бонки миллӣ ва ба гуфтаи бисёриҳо, маркази воқеии қудрат дар ин ҷо, домоди президенти кишвар -- Ҷамолиддин Нуралиев.

Аризаи “Имон” ҳаргиз зери назари Нуралиев рад карда нашуд, вале қабул ҳам нагардид. Ба ҷойи ин, бино бар гуфтаи одамони зиёди аз қазия огоҳ, ба “Имон” чанд пешниҳод расонда шуд, ки бо бонкҳои вобаста ба хонаводаи раисҷумҳур шарикӣ кунад. Қабули онҳо ягона роҳи дарёфти муҷаввизи бонкӣ буд, мегӯянд онҳо. Агар “Имон” мустақил монданро интихоб кунад, душмании рӯйирост мумкин гурезнопазир шавад.

Барканории ғайриинтизор

Ин чиз тобистони соли 2017, вақте сар шуд, ки Бонки миллӣ “Имон”-ро барои, тавре чандин нафари аз воқеа бохабар шарҳ медиҳанд, иштибоҳҳои хурди мубодилаи асъор ҷарима баст. "Мо роҳбарони ҳамон шуъбаҳоро иваз ва кормандонро нав кардем, мо як нозири махсус фиристодем, ки ин чизҳоро нигоҳ кунад," -- гуфт Абдрашидов, он замон узви Шӯрои мудирони “Имон”.

Аммо ин мақомотро қонеъ накард. Қарори тунде, ки ҳукми додгоҳро ба хотир меорад, рӯзҳои охири соли 2017 ба ташкилот фиристода шуд: Бонки миллӣ “Имон интернешнл”-ро дар ҳамдастӣ ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ айбдор кард. Абдурашидов лаҳзаеро, ки масъулин "далелҳо" -и худро пешниҳод мекарданд, чунин ба ёд овард. «Бонки миллӣ ба мо сабти видеоиеро нишон дод, ки дар он амалиёти мубодила асъор на аз сӯи кормандони мо, балки дар дохили филиали мо анҷом дода мешавад. Ду нафар дар курсиҳо нишаста буданд ва дар ин ҷо яке ба дигаре чизе медиҳад ва ӯ чизеро ба аввалӣ дароз мекунад. Ҳарду гирифтаашонро ба ҷайби худ андохта рафтаанд,"- нақл кард Абдурашидов. Бонки миллӣ ин наворро ҳамчун исботи мубодилаи ғайриқонунии асъор арзёбӣ кард.“Маҳз ҳамин порчаи навор барои аз кор рондани директори генералӣ асос карда шуд”-, гуфт Абдурашидов. Гап дар бораи Маҳкамова меравад, ки аз соли 2016 инҷониб ин вазифаро дар ташкилот иҷро мекард. Аммо на танҳо вай аз вазифа сабукдӯш карда шуд: Бонки миллӣ инчунин барканории панҷ менеҷер ва ё мудирони аршади ташкилотро тақозо кард. Дар натиҷаи ин барканориҳо "“Имон интернешнл” шаш роҳбари пуртаҷрибаи худро аз даст дод. Хабари барканории Маҳкамова, ки ду моҳ баъд аз воқеа маълум гашт, сардаргумиҳо ва тахминзаниҳоро ба авҷ расонд. Бисёриҳо ҳамзамон рух додани ин барканорӣ ва фишори Бонки миллӣ ба як ташкилоти дигари мустақил аз шимоли Тоҷикистон, Бонки Эсхатаро тасодуфӣ нашумурданд. Дар як вақт ба фишори Бонки миллӣ рӯ ба рӯ шуд. (Ҷазо дар ин қазия боз ҳам сахттар буд -- ба Эсхата амр дода шуд, ки ҳамаи аъзои шӯрои мудиронашро барканор кунад.)

"Ман қариб сад дар сад бовар дорам, ки ҳадафи асосӣ, андаке боздоштани шаклгирии афзояндаи элитаи молиявӣ дар шимоли Тоҷикистон аст,"- мегӯяд як нозири сиёсии маҳаллӣ, ки бинобар далели амниятӣ нахост, номаш ошкор шавад.

Танзими интихобӣ

“Дар Тоҷикистон як таҷриба роиҷ аст, ки қонуншиканиҳоро ҳамчун баҳона барои фишор овардан ба ниҳодҳои номақбул истифода мекунанд.”-, шарҳ медиҳад Эдвард Лемон, коршиноси масъалаҳои Тоҷикистон. "Чораҳои мубориза бо коррупсия табиатан хеле интихобӣ татбиқ карда мешаванд", - гуфт ӯ. «Дар асл, ҳар як бонк бо амалиёте машғул аст, ки ин ё он қонунгузории хеле мураккаби бонкии кишварро вайрон мекунанд. Ва дар аксари ҳолатҳо ба онҳо иҷозат дода мешавад, ки тиҷоратро идома диҳанд. Аммо агар онҳо хоҳанд, ба бонкҳо фишор оваранд, ё аз қонун ё аз моҷарое метавонанд истифода кунанд."

Mikro Kapital-ро ворид кунед

Дар чунин вазъияти душвор, "Имон" паёме гирифт, ки ба назар хабари хуше менамуд: БАТР сармоягузори нав овард : Mikro Kapital ширкати Люксембургӣ доир ба идоракунии дороиҳо буд, ки даҳ фоизи саҳмияҳои "Имон"-ро харид. Соҳиби ин ширкат Винчензо Транӣ, як соҳибкори муваффақ бо робитаҳои хуб ва собиқ корманди БАТР.

Сармоягузории навро моҳи январи соли 2018 дар вилояти Маскав дар ҳамоише бахшида ба даҳсолагии Mikro Kapital ботантана таҷлил карданд. Шавқи Транӣ ба иқдомҳои аҷиби таблиғотӣ пурра зоҳир шуд: барои нишон додани рӯҳияи инноватсионӣ дар ширкат, мошини DeLorean, ки дар филми "Бозгашт ба оянда" рӯи навор омодааст, дар ҷашни 10-солагӣ намоиш дода шуд.

Винчензо Трани

Транӣ соҳибкорест, ки робитаҳои хеле қавӣ дорад. Вай президенти Утоқи бозаргонии Италия ва Русия мебошад, инчунин як замоне консули фахрии Беларус дар Неапол буд, аз дасти шахсоне, ба мисли сарвазири собиқи Италия Силвио Берлусконӣ ва Константин Косачёв вакил ва дипломати собиқи рус ҷоизаҳо гирифтааст. Дере нагузашта ӯ боз як робитаи сатҳи олӣ пайдо кард. Моҳи июн, пас аз шаш моҳи харидани саҳмияи аввалини “Имон”, Транӣ ба Душанбе сафар кард ва бо домоди президент Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллӣ вохурӣ дошт. Дар ин мулоқот бинобар гуфтаҳо ва санадҳое, ки хабарнигорон диданд, Транӣ барои харидани бастаи калони саҳмияҳои “Имон” ҳавасмандӣ зоҳир мекунад. Нуралиев, ки зидди ташкилот баромад мекард, гуфтаст, Бонки Миллӣ Mikro Kapital-ро ҷиҳати ба даст овардани бастаи калидии саҳмияҳои “Имон интернешнл” дастгирӣ хоҳад кард. Дар охир Транӣ ба дигар саҳмдорон тавсия дод, ки Фонд бояд биравад.

Худи ҳамон моҳ, ӯ ба Маҳкамова ва Шарифова нома навишта, пешниҳод кардааст, ки мехоҳад саҳмияҳои “Фонди Имон”-ро харидорӣ кунад. Моҳи июл, Транӣ нархро эълон кард. Вай нисфи арзиши номиналии саҳмияҳоро пардохт мекунад ва дар иваз ба ҳарду зан (манзур Маҳкамова ва Шарифова) дар Шӯрои мудирони Mikro Kapital ҷой диҳад. "Ман фикр мекунам хеле муҳим аст, ки мо фавран ин муомиларо анҷом диҳем," --навиштааст ӯ.

Аммо, онҳо (манзур Маҳкамова Шарифова) пешниҳоди фурӯши саҳмияҳоро бо нархи арзон рад карданд. Ва ин ибтидои интиҳо барои онҳо дар “Имон интернешнл” шуд. Пас аз камтар аз ду сол, Транӣ бо кӯмаки Бонки Миллӣ саҳми фондро маҷбуран мехарад. Дар паёми катбӣ ба хабарнигорон Транӣ доштани равобити шахсӣ ва ё касбиро бо Нуралиев рад карда гуфт, бо ӯ "ба ҳайси намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон, вақте ки Mikro Kapital саҳмдори миноритарии" Имон буд, вохӯрдааст ." Парвандаи асосии Транӣ алайҳи Фонд нақзи расмиёти мубориза бо шустушӯйи пул дар “Имон” буд, ки соли гузашта дар замони роҳбарии Маҳкамова рух дода буд.

Тайи тақрибан шаш моҳ, як ширкати тозасабтиномшуда дар “Имон интернешнл” суратҳисобҳои бонкӣ кушода, маблағҳои калони нақдро амонат гузошта, сипас даҳҳо миллион долларро ба наздик ба бист ширкати Чин ва Ҳонконг фиристод. Тафтиши дохилии ташкилот нишонаҳои равшани пулшӯйиро ошкор накард, аммо ба хулосае омад, ки кормандони “Имон интернешнл” мизоҷро ба қадри кофӣ насанҷида, ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъоварӣ ва амалиёти шубҳаноки ӯро фавран тафтиш накардаанд. Тафтишоти минбаъдаи беруна муайян кард, ки муштариёни дигари шубҳанок ҳам ҳамин тариқ тавассути “Имон интернешнл”дар маҷмӯъ 68 миллион долларро ба хориҷа интиқол додаанд.

Ин нокомиҳо барои Транӣ асосе шуданд, ки нисбати Маҳкамова ва Шарифова айбмонӣ кунад. Тобистони соли 2018, ӯ борҳо қазияи шустушӯйи пулро дар назди саҳҳомони дигари хориҷии “Имон интернешнл” масъалагузорӣ кард. (Транӣ ба саволҳои OCCRP дар бораи он, ки чаро вақте аксарияти аъзои Шӯрои мудирон хориҷиҳо ҳастанд, занони соҳибкори тоҷик ё фонди онҳо бояд барои амалиёти нодурусти молиявӣ ҷавобгар бошанд?) посух надод. Бонки миллӣ ҳам фишорро болои "Имон интернешнл" кам накард, пардохти суди амонатҳоро боздошт, дар пардохти музди маош дар ташкилот ва раванди қабули пасандозҳо маҳудудият ҷорӣ намуд. Инчунин ташкилот зери санҷишҳои паёпай қарор гирифт.

Эътирози қатъӣ

Як нуқтаи чархиш дар ин қазия ҷаласаи Шӯрои мудирон моҳи ноябри соли 2018 шуд, ки ба азхудкунӣ мубадал гашт.

Макони баргузории Шӯрои мудирон аз Тоҷикистон ба Маскав - аввал ба дафтари БАТР ва сипас ба идораи марказии Mikro Kapital кӯчид. Рӯзномаи алтернативии шӯро бе иштироки намояндагони “Фонди Имон“ тартиб дода шуд. Дар даромадгоҳи бино телефонҳои мобилии муассисонро мусодира карданд. Транӣ дар маҷлис ҳузур дошт, ҳарчанд ки ӯ ҳатто аъзои раёсат набуд. Яке аз масъалаҳои рӯзнома, муҳокимаи номзади нав ба вазифаи раиси бонк ба ҷои Зокир Абдурашидов буд, ки он замон вазифаи иҷрокунандаи раиси ташкилотро бар дӯш дошт. Ин дар ҳоле ки ӯ мебоист, иҷрои вазифаашро то моҳи январ идома медод.

Санавбар Шарифова, ҳаммуассиси "Имон интернешнл"

Бо ин вуҷуд, шӯро барои "барканории фаврӣ" -и Абдурашидов овоз дод. Ба ҷои баррасии номзадҳои дигар, шӯро ба ҷои ӯ як бонкдори собиқадор Александр Ереминро таъин кард, ки то ин замон бо Нуралиев сарукор дошт. Муассиси "Имон интернешнл" Санавбар Шарифова аз вазифаи худ, раиси Шӯрои мудирони ташкилот, барканор шуд. Ҳангоми овоздиҳӣ барои ин тағйирот, Mikro Kapital-ро аз чор саҳмдори хориҷии “Имон интернешнл” се нафари онҳо, дастгирӣ карданд: БАТР, Бонки рушди соҳибкории Ҳолланд FMO ва Triple Jump. Зоҳиран ташаббускори баргузории ин ҷаласа ва тағйирот дар рӯзномаи он, Николас Друд намояндаи БАТР дар Шӯрои мудирон буд. (Друд ба дархостҳо барои шарҳи ин қазия посух надод.)

Аз сӯи дигар се узви раёсат аз “Фонди Имон” ва саҳмдори дигари хориҷӣ, Mennonite Associates Development Associates (MEDA) буданд. Онҳо қатъномаи ниҳоии маҷлисро имзо накарданд.

Транӣ ва БАТР ба саволҳои мушаххас оид ба ин рухдод, посух надоданд. Ба гуфтаи намояндаи бонки Ҳолландии FMO, "тағйирот дар шӯрои директорон ва мудирони “Имон интернешнл” барои нигоҳ доштани меъёрҳои баланди ҳуқуқӣ ва риояи қонуният зарур буданд." Аммо ӯ ба саволҳои баъдан ба ӯ фиристодашуда посух надод. Triple Jump ва MEDA ба дархостҳо барои тавзеҳ додани ин қазия посух надоданд. Дар як паёми катбӣ, Еремин гуфт, ки ҷаласаи шӯрои мудирон қатъан "мутобиқи қонун ва ҳуҷҷатҳои дохилӣ" сурат гирифтааст.

Огоҳона ва зарурӣ

Дар як нишасти матбуотӣ пас аз чанд вақт Еремин эътироф кард, ки рӯйдодҳои он ҷаласаи тақдирсози шӯрои директорон дар назари аввал метавонад хеле ифротӣ ба назар расанд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ин тасмимҳо огоҳона рӯи даст гирифта шуданд ва барои рушди ташкилот зарур буданд.

Еремин ҳамагӣ як сол ба ҳайси директори генералии “Имон интернешнл” кор кард ва сипас ба вазифаи баландтаре дар Mikro Kapital гузашт. Тули мудирияти кӯтоҳи ӯ фишори дохилӣ ба Маҳкамова, Шарифова ва Фонди онҳо шиддат гирифт.

Ташкилот ширкати аудитории Deloitte -ро киро кард, то мушкили пулшӯйиро, ки Транӣ қаблан фаъолона ин мавзӯъро дар миён мегузошт, аз нав санҷад. Ӯ ҳамчунон ба Deloitte таҳияи гузориши махфиеро дар бораи ҳаёти шахсии Маҳкамова ва Шарифова, аз ҷумла дар бораи хона, фарзандон ва сафарҳои онҳо фармоиш дод. Ин гузориш ҳеҷ иттиҳом ва ё қонуншиканиеро ошкор накард. Аммо ин гузориш ба таври махфӣ ба воситаи почтаи электронӣ ба Маҳкамова ва Шарипова бо мақсади тарс додани онҳо фиристода шудааст.

Александр Ерёмин, (дар марказ) тортро бо тамғаи "Имон интернешнл" мебурад

Еремин дар як паёми катбӣ гуфт, ки танҳо дар замони роҳбарияташ дар “Имон интернешнл” бо Бонки миллӣ робита дошт. Ӯ таъкид дошт, ки маҳз дар замони роҳбарии ӯ, Бонки миллӣ таҳримҳояшро дар нисбати “Имон интернешнл” бекор кард. Чанде пеш аз он Ерёмин дар шарикӣ бо БАТР бо Бонки миллӣ ҳамкорӣ дошт. Бонки миллӣ он замон барои дарёфти кӯмаки молиявӣ ҷиҳати наҷоти ду бонки дучори мушкилшуда музокирот пеш мебурд. Дар доираи ин ҳамкорӣ Еремин бо Нуралиев дучор шуд. Еремин дар яке аз суҳбатҳо бо хабарнигорон гуфт, ки "Ман бо танзимгар (манзур Бонки миллӣ) муносибати хеле наздик ва хубе дорам .“ Транӣ ва дигар саҳмиядорон, замоне ки “Фонди Имон” кӯшиш кард мавқеи худро ҳифз кунад, маҳз ба Бонки Миллӣ муроҷиат карданд.

Хоҳиш аз Нуралиев

Пас аз таъини баҳсбарангези Еремин ба мақоми раиси “Имон интернешнл” “Фонди Имон” ба саҳмиядорони хориҷӣ, хусусан ба шарики чандинсолаи худ БАТР чанд мактуб фиристода хоҳиш намуд, ки ҳолати пешина ва ё статус-кво дар ташкилот дубора барқарор карда шавад. Зокир Абдурашидов, роҳбари собиқи “Имон интернешнл” барои барқарор шудан ба мақоми аввала ба суд муроҷиат кард.

Ҷамолиддин Нуралиев, мувоини раиси Бонки миллӣ дар мулоқот бо БАТР.

Пас аз оне, ки ӯ дар мурофиаи аввал пирӯз шуд, Бонки миллӣ бо судури як фармони махсус нагузошт, ӯ дар мақомаш барқарор шавад. Дар ҳамин ҳол, тавре аз мактубе, ки Транӣ моҳи майи соли 2019 ба Нуралиев домоди президент навиштааст, бармеояд, ӯ хостори “дахолати иловагӣ”-и Бонки миллӣ шудааст. Монеагузории “Фонди Имон” ва ҳолатҳои “қаллобӣ дар хариди молҳо, пулгузарониҳои ғаримуҷозу шустушӯйи пулро”, ки гӯё дар замони роҳбарии Маҳкамова ва раисии ӯ дар Фонд ҷой доштааст, Транӣ ҳамчун асос барои дахолати Бонки миллӣ зикр кардааст. Дар як номаи беимзо ба унвонии Нуралиев (OCCRP бо матни ин нома ошно шуд) аз номи намояндагони Бонки рушди соҳибкории Ҳолланд -FMO, Triple Jump ва БАТР аз шикояти Транӣ аз “Фонди Имон” ҷонибдорӣ кардаанд. Нависандагони ин нома исрор меварзанд, ки даъватҳои “Фонди Имон” барои бекор кардани қарори моҳи ноябрии Шӯрои мудирон, як навъ зиддият ба талошҳои онҳо барои ислоҳ кардани нуқсон дар кори ташкилот ва иҷрои уҳдадориҳои зидди пулшӯйӣ аз сӯи “Имон интернешнл” аст. Онҳо бо “Фонди Имон” минбаъд якҷо буда наметавонанд, таъкид шудааст дар ин нома. (Саҳмиядорон ба суоли хабарнигорон, ки чаро будани “Фонди Имон” барои ҳалли мушкилоти оинномавиву ҳуқуқӣ метавонист халал расонад, посух надоданд). Чанде баъд аз ин БАТР ба пешниҳоди Mikro Kapital ҷиҳати харидории саҳмияҳои “Фонди Имон” ҳамроҳ шуд.

Фишори ниҳоӣ

Ҳарчанд ин пешниҳод рад шуд, аммо раддия дер давом накард. Дар охирҳои сол Бонки миллӣ ҳуҷҷатеро таҳия кард, ки фондро уҳдадор мекард саҳми худро фурӯшад. Бо ин амал Бонки миллӣ ба фонд ба ҷуз аз фурӯши саҳмияҳои интихоби дигаре нагузошт. Номи санад “Дастури №239” аст, ки асосан ба иҷрои чанд уҳдадории байналмилали бонкӣ аз сӯи Тоҷикистон бо номи “Базел III” бахшида шудааст. Аммо дар ин дастур банде ҳам вуҷуд дорад, ки чандон бо муҳтавои ин санад ҳамхон нест ва бахши молияи Тоҷикистонро ба изтироб овард. Ин дастур ҳама ташкилотҳои ғайритиҷоратии молиявиеро, ки саҳмияи ягон ташкилоти дигари молиявиро дар даст доранд, уҳдадор кард, ки дар давоми се моҳ саҳми худро фурӯшанд. Ҳадди ақал ду ташкилоти азими дигар - бонки “Арванд” ва “Ҳумо” зери таъсири ин дастур қарор гирифтанд.

Аммо, ба гуфтаи яке аз мутахассисони маҳаллии бахши молия “ҳадафи мушаххаси ин банд “Имон интернешнл” буд. Ин ҷо зиёни ҳамсон ба “Арванд” ва “Ҳумо” ҳам мерасид, аммо касе онҳоро барои фурӯши саҳмияҳояшон ба Mikro Kapital маҷбур намекард”. “Фонди Имон” чанд бор аз БАТР хоҳиш кард, ки ба Бонки миллӣ таъсир расонад, то ин ки ба Фонд фурсати бештар дода шавад, то ки харидори дигар пайдо кунад. Аммо ба ин дархост гӯш надоданд. Муассисони “Фонди Имон” дар шароити фишори афзояндаи Бонки миллӣ ва набуди интихоби дигар маҷбур шуданд ба пешниҳоди нави БАТР ва Mikro Kapital дар бораи хариди саҳмияҳо розӣ шаванд.

Дар бораи ин амалиёти хариду фурӯш моҳи марти соли 2021 расман эълон карданд. Бахши аъзами саҳмияҳо ба ширкати Mikro Kapital гузашт ва бастаи саҳмияҳояш дар “Имон интернешнл” ба 43 дарсад расид. Шароити хариду фурӯш, то чӣ ҳад арзон нархгузорӣ шудани саҳмияҳои “Имон интернешнл”-ро бармало нишон медиҳад. Барои 43,5 дарсади саҳмияҳо “Фонди Имон” ҳамагӣ 5,4 миллион доллар гирифт. Ин дар ҳоле, ки 8 сол пеш БАТР ва FMO барои ҳамагӣ 25 дарсади саҳмияҳои бонк 6,5 миллион доллар дода буданд.

Акси Винчензо Трани аз саҳифаи шахсии ӯ дар Инстаграм

Транӣ дар бораи “Дастури №239” шарҳе надод. Агар ба исрори Еремин бовар кунем, ин дастур ба ҳама ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон дахл дошт ва истидоле, ки ин дастур маҳз зидди кадоме аз саҳмдорони “Имон интернешнл” равона шуда буд “мунсифона нест”. Дар БАТР гуфтанд, ки зарурати ин додуситадро танзимгари соҳа талаб карда буд. Ба ибораи дигар “Дастури №239” бояд иҷро карда мешуд. “БАТР доимо бовиҷдонона амал кардааст ва талош меварзад ҳама дастурҳои Бонки миллии Тоҷикистонро дақиқан иҷро кунад”, гуфт сухангӯи БАТР Усов. Аммо як узви собиқи БАТР дар шарҳи ин гуфтаҳо, то ин ҳад ба иродаи Бонки миллӣ итоат кардани БАТР-ро шубҳабарангез хонда, гуфт, он қонеъкунанда нест. (Ӯ нахост номаш бурда шавад, то тавонад ошкоро ҳарф занад). “Хуб дар коғазҳо ин расман риояи талаби танзимгар буд. Аммо ба мо зарур аст, ки танзимгари соҳа қоидаҳои одилонаи бозиро бояд таъмин кунад. Яқин асли масъала дар ин нест. Ҷин занад, чаро мо (манзур БАТР)дар ин хариду фурӯш ширкат кардем?”-, суол гузошт ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дастури нави Бонки Миллӣ баъзе аз созмонҳои қарздиҳиро нигарон кардааст
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Имон интернешнл"-- дар маркази як моҷарои байналмилалӣ
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гулбаҳор Маҳкамова: "Ман аз вазъи имрӯзаам розӣ ҳастам"
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бонки миллӣ: "Эсхата" ва "Имон" ба камбудӣ роҳ доданд. ВИДЕО