Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури нави Бонки Миллӣ баъзе аз созмонҳои қарздиҳиро нигарон кардааст


Бино ба дастури нави Бонки Миллии Тоҷикистон, созмонҳои хурд ва фондҳои қарзии кишвар вазифадор шудаанд, ки дар муддати 3 моҳ аз саҳм ва ё авроқи гаронбаҳои худ дар дигар ташкилоти молиявӣ ва ё ширкатҳо даст кашанд.

Коршиносон мегӯянд, ин дастуруламали Бонки Миллӣ моликони чанде аз созмонҳои қарзии муваффақро маҷбур мекунад, моликияташонро фурӯшанд, ки як навъ талоши аз нав тақсим кардани бозори бонкӣ дар кишвар аст.

Даструламали Бонки Миллӣ таҳти рақами 239 ва рӯзи 6-уми декабри соли 2019 аз сӯи Вазорати адлия сабтином шудааст. Бонки миллӣ 20-уми декабри соли 2019 бо фиристодани нома ба ташкилоти молиявӣ ҳушдор додааст, ки барои иҷрои муқаррароти ин дастуруламал чораҳои фаврӣ андешанд. Вагарна, Бонки миллӣ ҳушдор додааст, ки фавран чораҳои ислоҳӣ ва таъсирасониро ба кор мебарад.

Банди 43-юми ин дастуруламал фонд ва ё ташкилоти хурди қарзиро уҳдадор мекунад, ки дар давоми 3 моҳ саҳм ва ё саҳмияву облигатсияҳояшонро дар дигар ташкилоти қарзӣ, бонкҳо ба шахсони бегона фурӯшанд.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми январ гуфтанд, иҷрои талаботи ин санад чанде аз ташкилоти амонативу қарзии хурди муваффақи Тоҷикистонро дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор медиҳад.

Ишораи масъулони чанде аз созмонҳои вомдиҳанда ба он аст, ки муассисон ва ё моликони "Имон интернешнл", "Бонки Арванд" ва "Ҳумо" ҳамакнун маҷбуранд, саҳоми худро фурӯшанд.

Барои мисол, беш аз 43 дарсади саҳмияҳои ТАҚХ “Имон интернешнл” ба Фонди қарзии хурди "Имон" тааллуқ дорад. Ба ҳамин монанд, моликони “Бонки Арванд” ва ТАҚХ “Ҳумо” низ Фонди қарзии “Микроинвест” ва “Нури Ҳумо” ҳастанд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки таҷрибаи тӯлонии мудирияти ташкилоти қарзиро дорад гуфт:

"Бо назардошти вазъияти ба вуҷудомада фондҳое, ки дар ташкилоти молиявие чун ТАҚХ “Ҳумо”, “Бонки Арванд” ва “Имон интернешнл” саҳм доранд, дар давоми се моҳ бояд онро фурӯшанд. Дар давоми 3 моҳ саҳмияҳоро фурӯхтан ғайриимкон аст. Бонки миллӣ бо ин тасмими худ нархи саҳмияҳоро поён бурд ва ин дастуруламал ширкатҳои муваффақро камарзиш кард. Бино ба муқаррароти ин даструламал, харидори эҳтимолии саҳмияҳо бояд аз Бонки миллӣ иҷозат гирад. Ин ба он маъност, ки саҳмияҳо бо як пули ночиз ва онҳо ҳам бо ризоияти Бонки миллӣ фурӯхта мешаванд."

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ин дастуруламал ба саҳмдорони асосии ҳадди ақал се ташкилот - “Имон интернешнл”, “Бонки Арванд“ ва ТАҚХ “Ҳумо” зарбаи сахт мезанад ва онҳо маҷбур хоҳанд буд, ғайриихтиёр бизнеси худро бо нархи арзон аз бозор ба моликони дигар бифурӯшанд.

Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Маюнусов, роҳбари шӯрои мудирони Анҷумани созмонҳои хурди қарзӣ мегӯяд, намешавад, гуфт, ин дастуруламал ба нархи саҳмияҳои ҳама ташкилот таъсири манфӣ мерсонад.

Ӯ афзуд, "ҳоло бо боварӣ гуфта намешавад, ин дастуруламал ба кадом ташкилот чӣ гуна таъсир мерасонад. Розӣ ҳастам, муҳлате, ки Бонки миллӣ муайян кардааст (яъне 3 моҳ) кам аст. Лекин мо гуфта наметавонем, ки ин санад яқин ба нархи саҳмияҳои ҳама ташкилот таъсири бад мерасонад. Чунки сармоягузорон вақте барои хариди саҳмияи ташкилот ва ширкате таваҷҷуҳ мекунанд, аввал ба нишондодҳои молиявиаш назар меандозанд. Нархи саҳмияҳо аз ин вобаста хоҳад буд."

Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми январ барои дарёфти шарҳи Бонки миллӣ дар ин робита ба таври хаттӣ муроҷиат кард. Бо гузашти 4 рӯз (мувофиқи қонун "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" ниҳодҳои давлатӣ бояд дар муҳлати се рӯз ба дархости редаксия оид ба гирифтани иттилоъ посух диҳад) Бонки миллӣ ба саволҳо посух нагуфт.

Саволҳо аз ин қарор буд:

  • Зарурати қабули чунин як дастур дар чӣ буд ва чаро Бонки миллӣ онро қабул кард?
  • Маъмурони бархе аз ташиклоти амонативу қарзии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муҳлати муайянкардаи Бонки миллӣ кофӣ нест ва онҳо дар ин муддат авроқи гаронбаҳо ва саҳмияҳои худро дар дигар ширкату ташкилот бо нархи муносиби бозорӣ фурӯхта наметавонанд. Ин дастур ба гуфтаи онҳо ба вазъи молиявии онҳо зарба мезанад. Бонки миллӣ ба ин иддаои онҳо чӣ мегӯяд?
  • Дар ин дастур ҳамчунон гуфта мешавад, ТАҚҲ ва дигар ташкилоти молиявӣ танҳо бо иҷозати Бонки миллӣ метавонанд коғазҳои қимматнок ва саҳмияҳоро дар дигар ширкатҳо бихарад. Ин тасмим ба кадом хотир гирифта шудааст? Зарурати таҳкими назорат дар ин соҳа дар чист?

Дар ҳамин ҳол, як масъули Бонки миллӣ, ки нахост номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз қабули дастуруламали мазкур ҷилавгирӣ аз “фирори сармоя” аз кишвар аст. Чун ба ишораи ин масъули Бонки миллӣ бархе аз ташкилоти хурди молиявӣ бо баҳонаи хариди саҳмияҳо дар ташкилоти хориҷӣ пулро аз кишвар берун мебароранд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG