Сокинони вилояти Бодканд ба хонаҳояшон бармегарданд

Бодканд

Ҳазорон сокини деҳаҳои наздимарзии вилояти Бодканди Қирғизистон, ки ҳангоми муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон ба ҷойи амн кӯч баста буданд, дубора ба хонаҳояшон бармегарданд. Дар ин бора рӯзи 9-уми май мақомоти вилояти Бодканд хабар доданд.

Абдикарим Олибоев, намояндаи ҳукумати Қирғизистон бо сокинон мулоқот карда, ваъда дод, ки барои ҳифзи амният дар марз чораҷӯӣ мекунанд ва барои сокиноне, ки хонаҳояшонро аз даст додаанд, манзилҳои муваққат сохта медиҳанд.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ҳангоми муноқишаҳои рӯзҳои 29-30-юми апрел аз деҳаҳои наздимарзӣ наздики 40 ҳазор кас ба ҷои амн кӯчонида шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар он рӯзҳо беш аз 15 ҳазор касро аз деҳаҳои наздисарҳадӣ ба ҷойи бехавф бурданд.

Рӯзи 8-уми май дар вилояти Бодканд барои 36 хонаводае, ки дар муноқишаҳо наздиконашонро аз даст доданд, сохтмони манзили зист шуруъ шуд. Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара низ ба сохтмони хонаҳои вайроншуда оғоз карданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар Исфара чаҳордаҳ хона пурра вайрон шудааст, вале ихтиёриён ин рақамро бамаротиб бештар ҳисоб кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, то як моҳи дигар хонаҳоро сохта, ба мардум медиҳад. Улуғбек Маърупов, сарвазири Қирғизистон, рӯзи 3-юми май гуфт, барои барқарории иншооти тахрибшуда дар низои марзӣ бештар аз 8 миллион доллар аз буҷаи кишвар ҷудо мешавад.

Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак, ҷон бохтаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро муайян ва нишона гузоштаанд. Минтақҳои дигари баҳсӣ, ки аз обу замину чарогоҳ иборатанд, ҳар чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинон ва нерӯҳои ду кишвар мешаванд.