"Чаро дар ҳаққи кӯдакони мо чунин ҷиноятро раво диданд?"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯзи 12-уми майи соли 2020 гуруҳе аз ҷангҷӯён бо ҳамла ба як таваллудхона дар Кобул даҳҳо нафар аз ҷумла навзодонро куштанд ва тамоми Афғонистонро ваҳшатзада карданд. Омина Шарифӣ, ки ду соат пеш ба дунё омада буд, ба ҷойи шири модар тир хӯрд. Худаш зинда монд, модараш не.