Барои блогер Отабек Сатторӣ дар Узбекистон 11 сол зиндон хостанд

Отабек Сатторӣ

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дар Узбекистон барои блогер Отабек Сатторӣ 11 сол зиндон талаб кард. Сатторӣ, ки бо наворҳои танқидиаш маъруф аст, дар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноии Узбекистон айбдор мешавад.

Додситон гуфт, Отабек Сатторӣ айбҳоро эътироф накарда, зарари расонидаашро низ ҷуброн накардааст. Ба ин далел, ҳолатҳои сабуккунанда нисбат ба ӯ татбиқ карда намешавад. Ҳукми ниҳоии додгоҳ рӯзи 10-уми май эълом хоҳад шуд.

Сатториро рӯзи 30-юми январи имсол дастгир карданд. Ӯ ба тамаъҷӯӣ, туҳмат ва таҳқир муттаҳам аст.

Чанде аз созмонҳои байналмилалӣ аз мақомоти Узбекистон даъват карданд, ки блогер Отабек Сатториро аз ҳабс озод кунанд. Созмонҳо мегӯянд, вай бо айбҳои беасос боздошт шудааст.