Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Чӣ гуфтанд?

Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. Акс аз хадамоти матбуоти президент. 29-уми апрели 2021

Рӯзи 29-уми апрел, дар авҷи муноқиша дар марз бо Қирғизистон, ҳукумати Тоҷикистон ҷаласа баргузор кард.

Он чи паси дарҳои баста гузашт, ба хабарнигорони мустақил маълум нест. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон матни суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва хулосаи нишастро нашр намуд, вале дар ҳардуи он дар мавриди вазъ дар сарҳад бо Қирғизистон ишорае нашудааст. Ё агар ишорае ҳам шудааст, онро барои матбуоту ҷомеа ошкор накардаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар маҷлиси ҳукумат асосан натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали имсол матраҳ шуд.

Бино ба аксҳое, ки хадамоти матбуоти президент нашр кард, дар ҷаласа раиси ҷумҳур ва вазирону мансабдорони дигари кишвар иштирок кардаанд. Раиси вилояти Суғд, ки муноқишаи марзӣ дар ҳудуди он сурат гирифт, низ дар ҷаласа дида мешавад.

Дар маҷлис гуфта шудааст, дар моҳҳои январ - марти имсол сатҳи таваррум 3,3 дарсадро ташкил дод ва "ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 4,4 фоиз, молҳои ғайриозуқа 2,4 фоиз ва таърифаҳори хизматрасонӣ 1,3 фоиз ташаккул ёфтааст."

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфтааст, камборишии вақтҳои охир боис ба камобӣ ва хушксолӣ гардида, ба соҳаҳои зироаткориву боғдорӣ ва чорводорӣ талафоти зиёд мерасонад.

“Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, муроҷиат карда, таъкид месозам, ки мо бояд аз ҳар як ваҷаб замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва заминҳои байни боғҳоро самаранок истифода карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои рӯёнидани се – чор ҳосил ва дар кишти такрорӣ ҳарчи бештар истеҳсол кардани картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (шолӣ, ҷуворимакка, мош, лубиё) равона созем", -- омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуоти президент.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зад ва рӯзи 29-уми апрел идома кард. Дар аввал сокинон ба тарафи якдигар сангпартоӣ карданд, вале дертар тирпарронии нирӯҳои ду кишвар оғоз шуд.

Дар бораи захмӣ шудани чандин нафар аз ду ҷониб гузоришҳо мерасанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, то ин дам дар муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 21 кас захмӣ шуда, яке аз онҳо ҷон бохтааст.

Ҷониби Тоҷикистон иттилои охирро дар бораи маҷруҳон эълон накардааст. Мақомот, ба ҷуз аз се изҳороти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дигар шарҳу тавзеҳе надодаанд, ки дар марз бо Қирғизистон чӣ мегузарад.

То кунун мақомоти марзбонӣ ва мансабдорони дигари Қирғизистон, аз ҷумла раиси вилояти Бодканд, ҳаммарз бо Суғд, дар робита ба сарҳад ва мушкилоти мавҷуда ибрози назар кардаанд. Раиси ҷумҳури он кишвар, Содир Ҷабборов, дар паёме дар Фейсбук мардум ва нирӯҳои сиёсиро ба оромӣ хонд ва гуфт, “ҳамеша бо бародарони тоҷик забон хоҳанд ёфт.”

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.