Бадарға. Зиндагии "немис"-ҳои дурафтода аз ватан дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Дар аҳди Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон беш аз 40 ҳазор олмонӣ ё "немисҳо" зиндагӣ мекарданд, вале ҳоло 400 нафари онҳо мондаанд. Таърихнигорон мегӯянд, олмониҳо аз Украина ва ҳавзаи дарёи Волгаи Русия ба Тоҷикистон "бадарға" шуда буданд. Онҳо дар гузашта чӣ рӯзгор доштанд ва ҳоло дар чӣ шароите ба сар мебаранд?

Ойҷон мегӯяд, насли дувуми муҳоҷирони олмониҳост

Пушаймон нестам, ки ба ин ҷо омадам, лекин орзу дорам, кӯчида равам. Ҳоло ақаллан ба Калининград ва баъд ба Олмон. Ҳамаи хешутабори модарам ба Олмон рафтаанд.

Ойҷон Амонова олмониасл аст ва дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар шиноснома миллаташро "немис" навиштаанд. "Миллати духтарам низ "немис" аст. Худораҳматии бибиям Катерина ном дошт, номи духтарам ҳам Катерина аст. Модарам Фрида буд", -- нақл кард ӯ.

Амонова дар Қазоқистон зода шуда, умри худро дар Тоҷикистон гузарондааст. Мегӯяд, шавҳари тоҷик кард ва одати мардуми маҳаллиро пазируфт: "Шукри Худо, мусалмонем. Расму русуми тоҷикиро қабул кардем."

Ойҷон Амонова ду фарзанд дорад. Духтару писараш дар Русия кору таҳсил мекунанд. Вай аз насли дувуми муҳоҷирони олмонӣ аст, ки волидонаш дар солҳои 40-уми асри гузашта маҷбурӣ ба Осиёи Миёна оварда шуданд. "Мардуми маҳаллӣ фахр мекарданд, ки дар ин ҷо немисҳо ҳастанд. Аз мо мепурсиданд, Шумо немисҳои куҷоед? Дар совхози мо як қабила буд. Намедонистам, ки немисҳо чанд қабилаанд. Бале, олмониҳое буданд, ки салиб доштанд, вале модари ман немиси мусалмон буд."

Ойҷон Амонова

Беэътимодӣ сабаби бадарға шуд?

Ҳоло шаҳрвандони олимониасл дар Тоҷикистон зиёд нестанд. Роза Шасс, ки баъди шавҳар кардан насаби Зулфиқороваро гирифтааст, дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Модараш аз ҷумлаи ҳазорҳо олмоние будааст, ки хеле ҷавон ба Тоҷикистон бадарға шудааст.

Таърихи ба Тоҷикистон омадани олмониҳо ба сиёсатҳои носозгори Олмони зери раҳбарии Гитлер ва Шӯравии собиқ дар 85 соли пеш рақам мехӯрад.

Таур Гадоев, омӯзгори фанни таърих, мегӯяд, "бино ба маълумоте, ки аз китобҳои дарсӣ дорем, олмониҳо дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ зиёд зиндагӣ мекарданд. Шояд барои эҳтимоли нобоварӣ ба олмониҳо бисёре аз онҳоро аз қисмҳои аврупоии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Осиёи Миёна муҳоҷир карданд."

Нейла Азизова, яке аз олмониҳои муқими Тоҷикистон

Соли 1941, бо шурӯи ҳамлаи Олмон ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ, олмониҳои Шӯравиро ба канораҳои ин сарзамин бадарға карданд. Дастҷамъона ва бо ҳадафҳои сиёсӣ.

Фармони Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 28-уми августи соли 1941 дар бораи кӯчондани олмониҳои ҳавзаи дарёи Волга ба нуқтаҳои дурдаст, тақдири 41 ҳазор олмониро ба Тоҷикистон пайваст кард. Аз рӯйи маълумоти дигар шумораи бадарғашудаҳо наздик ба 38 ҳазор нафар буданд.

Олмониҳои ҳавзаи дарёи Волга 300 сол пеш аз кишварҳои Аврупо бо даъвати Екатеринаи II омада буданд. Соли 1941 баъд аз бадарға кардани сокинон номи Ҷумҳурии автономии олмониҳои Волгаро аз харита пок кардаанд. Ҳукумати Шӯравӣ тарс дошт, ки омлониҳои ин сарзамин ба нерӯҳои Гитлер ҳамкорӣ мекунанд.

"Худам дар Тоҷикистон, наздиконам дар Олмон ҳастанд"

Ҳамин тавр, ин олмониҳоро "миллати муҷозотшуда" гуфтанд ва тамғаи одамони беэътимодро ба онҳо нисбат доданд. Аммо сиёсатҳои замон дигар шуду олмониҳои аз ватани худ дурафтода бо мардуми маҳаллӣ омезиш ёфтанд.

Анна Селер сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст ва 35 сол боз дар китобхона кор мекунад: "Ман аз рӯи миллат немис (олмонӣ) ҳастам. Ду хоҳар ва бародар дорам. Онҳо дар хориҷа, дар Олмон, зиндагӣ мекунанд. Бо онҳо тамос мегирем, суҳбат мекунем. Хоҳарам меояд. Ҳарчанд ҳар сол наметавонад биояд. Якдигарро гоҳ-гоҳ мебинем."

Анна Селер

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ду бор ба Олмон рафтаву муддати кӯтоҳе онҷо буд, аммо одатҳои шарқиёна ӯро муқими доимии Тоҷикистон кард. Анна Селер гуфт: “Писарам дар Олмон таваллуд шудааст. Ду бор дар он ҷо будам. Ба ман писанд омад, лекин ба мисли ин ҷо нест. Дар ин ҷо ба ҳар хона дароӣ, бо хушҳолӣ қабул мекунанд. Дар он ҷо чунин нест. Вақте модарам фавтид, мардуми ин ҷо кумаки зиёд карданд. Нафаре бо сухани хуб, дигаре бо кумаки молӣ.”

“Пушаймон нестам, вале орзу дорам”

Ҳоло олмониҳои боқимонда дар Тоҷикистон зиндагии маъмулӣ доранд. Ба мисли сокинони маҳаллӣ. Бо гузашти 80 сол аз насли олмониҳои бадарғашуда ба Тоҷикистон қариб касе намондааст. Танҳо фарзандону наберагони онҳо мондаанд. Бештари онҳо саргузашти талхи волидони худро намедонанд ё намехоҳанд ёдовар шаванд.

Шуруъ аз соли 1985 ва бо фароҳам омадани шароити сафар ба хориҷа оҳиста-оҳиста олмониҳо тарки Тоҷикистон кардаанд. Қисми зиёди онҳо солҳои 90-ум ба Русияву Қазоқистон ва Олмон кӯч бастанд.

Достони видеоӣ дар ин ҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бадарға. "Немис"-ҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна маскун шуданд?

Бархеи дигар ҳанӯз орзуи рафтан ба ватани бобоии худро доранд. Ойҷон Амонова мегӯяд, "ман пушаймон нестам, ки ба ин ҷо омадам, лекин орзу дорам, ки кӯчида равам. Ҳоло ақаллан ба Калининград ва баъд ба Олмон. Ҳамаи хешутабори модарам ба Олмон рафтаанд. Духтарам ҳам мехоҳад ба Олмон равад."

Олмониҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҷомӣ, Ҷайҳун ва Ёвон зиндагӣ доранд. Барои мисол, дар маҳаллаи 7-уми ноҳияи Ҷайҳун дар солҳои Шӯравӣ беш аз 200 хонаводаи олмонӣ зиндагӣ мекарданд, ҳоло се нафар мондаанд. Ҷавониҳои Ҷумъа Ғаюров дар ноҳияи Ҷайҳун бо олмониҳо гузаштааст. Ӯ мегӯяд, “Горбачёв фармон надод, ки ҳар кас ба ватани худаш равад? Ҳамаашон рафтанд. Онҳо дар онҷо амаку тағо доштаанд. Ҳамаашон рафтанд, ҳозир 3 кас мондааст."

Шумори олмониҳо дар Тоҷикистон кам мондааст

Маҳаллае монанд ба кӯчаҳои Аврупои Ғарбӣ

Дар шаҳри Табошари собиқ, Истиқлоли ҳозира, маҳаллае монанд ба кӯчаҳои Аврупои Ғарбӣ вуҷуд дорад. Биноҳоро меъморони олмонӣ бо услуби аврупоӣ сохтаанд. Аввалин гуруҳи олмониҳои дар ҷанг асир афтодаро соли 1946 ба Табошар оварда буданд.

Ҷумъахон Тешаев, сармеъмори шаҳри Истиқлол, гуфт, “вақте зарурат пайдо шуд, ин хонаҳоро бо санг сохтаанд. Сохтори онҳо ба қонун ё меъёрҳое, ки имрӯз барои шаҳрсозӣ пешбинӣ шудааст, ҷавобгӯ ҳастанд. Деворҳои сангии ин хонаҳо аз 80 то 70 сантиметр ғафс ҳастанд. Байни ҳуҷраҳои дохил бо чӯб ҷудо карда шудааст. Баландии сақфи хонаҳо аз 3,50 то 3,70 сантиметр аст.”

Шаҳри Табошар дар охирҳои соли 1940 бунёд шуда, аз пӯшидатарин шаҳрҳои кишвар ба шумор мерафт. Аз коркарди урани Табошар нахустин бомбаи атомии СССР сохта шудааст. Олмониҳо ҳам дар чунин корхонаи ба саломатӣ хавфнок кор фармуда мешуданд.

Наздикону гузаштаҳои худро дар аксҳо меҷӯянд

Бино ба омори охирин, ҳоло шумори олмониҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар аст. Аз соли 1992 ба ин сӯ наздик ба 15 ҳазори онҳо тавассути барномаи "Бозгашти олмониҳо" ба кишвари аҷдодии худ рафтаанд.

Аз зиндагии беш аз 80-солаи онҳо дар Тоҷикистон аксаран аксу номаҳо ба хотира мондааст ва ҳам насли дувуму севум, ки бо ёдоварӣ ё бе зикри гузашта ба зиндагии худ идома медиҳанд.

Наворро дар Ютуб бинед: