Додгоҳ озодиҳои сарпизишки беҳдоштии пешини шаҳри Тошкандро маҳдуд кард

Яке аз бемористонҳо дар Узбекистон.

Гулҷаҳон Юлдошева, сарпизишки беҳдоштии пешини шаҳри Тошканди Узбекистон дар доираи як парванда дар додгоҳ муҳокима шуд. Муҳокимаи додгоҳӣ чаҳор мо идома кард.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, додгоҳ озодиҳои Юлдошеваро барои чаҳор моҳ маҳдуд кард.

Сарпизишки пешини беҳдоштии Тошканд дар "сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва ғорати молу мулки давлатӣ", "хунукназарӣ, ки боиси марги одам шудааст" айбдор дониста шуд.

Юлдошеваро моҳи сентябри соли 2020 боздошт карда буданд. Он замон танҳо дар ғорати 24 ҳазор доллари маблағҳои буҷа айбдор мешуд.

Сарпизишки беҳдоштӣ дар моҳи августи соли 2020 аз набуди дастгоҳҳо, ҳавасмандсозии кормандони соҳаи тиб, ки ба табобати беморони коронавирус машғуланд, шикоят карда буд. Баъди ин шикоят ӯро боздошт карданд.