Бо фаро расидани ҷашни Наврӯз, созмони Хабарнигорони Бидуни Марз аз ҳукумати Эрон хостааст, 21 журналист ва шахсони дигарро, ки ғайриодилона маҳкум шудаанд, озод кунад. Ин созмон, ки қароргоҳаш дар Порис (Париж) аст, рӯзи 18-уми март дар эъломияе гуфт, ягона гуноҳи ин афрод "иҷрои вазифа ва нашри ҳақиқат аст". Намояндаи бахши Эрон дар созмони Хабарнигорони Бидуни Марз даъват кард, 21 журналист, ки бе далел дастгир ва ғайриодилна муҷозот шудаанд, фаврӣ озод карда шаванд, то Наврӯзро бо оилаҳои худ ҷашн гиранд. Эрон яке аз кишварҳоест, ки теъдоди зиёди журналистонро ба зиндон андохтааст. Бино ба омори Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз, Эрон дар раддабандии озодии матбуот дар соли 2020 дар миёни 180 кишвар дар қатори 173-юм аст.
Аз Эрон хостанд, ки дар айёми Наврӯз 21 журналисти зиндониро озод кунад
Эрон. Зиндони Эвин