Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуд

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз рӯзи 16-уми март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд оғоз шуд. Хабарнигорони мустақилро ба мулоқот роҳ надоданд ва, бино бар ин, ҷузъиёти суҳбатҳои ду тараф феълан маълум нест.

Бино ба иттилои расонаҳо, ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймуъмин Ятимов ва ҳайати Қирғизистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар Қамчибек Тошиев роҳбарӣ доранд.

Як рӯз пеш Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев дар Хуҷанд суҳбат кард.

Ду тараф дар бораи кушодани гузаргоҳҳои “Кулунду” ва “Кайрагач” дар ноҳияи Лайлак суҳбат кардаанд. Ин гузаргоҳҳоро бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус баста буданд.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд. Бар асари моҷароҳо дар минтақаҳои номуайян аз ду тараф чандин нафар куштаву захмӣ шудаанд.