Ҳушдор аз коҳиши кӯмакҳои байналмилалӣ барои Афғонистон

Вилояти Бадахшони Афғонистон, тақсими кӯмакҳо ба қишри нодор

Як созмони ғайридавлатии амрикоӣ ҳушдор дод, ки кам кардани ёриҳои байналмилалии башарӣ метавонад ҳукумати Афғонистонро дубора ба вазъи бебандубориҳои солҳои 1990 баргардонад. Ҳушдори Ҷон Сопко, нозири калони масоили бозсозии Афғонистон рӯзи 16-уми март садо дод ва ин дар ҳолест, ки то ҳол ИМА, Русия ва дигар кишварҳо дар талоши азсаргирии музокироти сулҳ ҳастанд ва 1-уми май барои маъмурияти президент Ҷо Байден ҳамчун охирин рӯзи берункашии нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мебошад. Сопко дар сӯҳбат бо оҷонсии Рейтерс гуфт, “80 дарсади буҷаи Афғонистон аз ҷониби ИМА ва донорҳои дигар маблағгузорӣ мешавад”. Ӯ афзуд, “агар бо кадом сабабе донорҳо маблағгузориро кам кунанд... ин чиз боиси билофосила аз байн рафтани ҳукумат мешавад, тавре мо онро мешиносем”. Ӯ аз такрори таърих баъди соли 1978-79 ишғол шудани Афғонистон аз ҷониби нирӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳушдор дод. Бесуботиҳоти баъдӣ боиси омадани Толибон шуд. Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки кӯмакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон тадриҷан коҳиш ёфтааст ва агар соли 2011 6,7 миллиард доллар буд, соли 2019 4,2 миллиард долларро ташкил дод.