Шикоят аз болои "Вагнер" барои шиканҷаву куштори боздоштшудае дар Сурия

Аъзои гурӯҳи "Вагнер"

Се созмони ғайридавлатии воқеъ дар Фаронса, Сурия ва Русия аз болои Гурӯҳи «Вагнер», як ширкати қарордодии низомии Русия, ки ба элитаи сиёсии ин кишвар рабт дорад, шикоят карда, кормандони онро дар шиканҷаи боздоштшудаҳо дар Сурия гунаҳгор карданд. Дар изҳороти Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар, Маркази Сурия оид ба матбуот ва озодии баён ва ҳам Маркази ҳомии ҳуқуқи «Мемориал» аз рӯзи 15-уми март омадааст: «Шикояти мазкур аввалин талоши як оилаи суриягӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбарони рус барои содир кардани ҷиноятҳои сангин дар Сурия мебошад». Дар изҳороти ин се созмон гуфта мешавад, ки бародари як шаҳрванди Сурия, ки «соли 2017 аз ҷониби шаш нафар дар минтақаи Ҳомс шиканҷаву кушта ва баъдан ҷасадаш хароб карда шудааст», рӯзи 11-уми март ба унвонии Кумитаи тафтишоти Русия шикоят намуд. Дар шикояти созмонҳо тақозо шудааст, ки «тафтишоти ҷиноӣ бар пояи куштор бо ваҳшонияти зиёд боз шуда, гунаҳгорон, аз ҷумла, барои содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд».

Вале дар боз шудани тафтишоти ҷиноӣ бар асоси ин шикоят шубҳа вуҷуд дорад, чун Гурӯҳи «Вагнер»-ро Евгений Пригожин, соҳибкори наздик ба президент Владимир Путин раҳбарӣ мекунад. Бо ин ки кори ширкатҳои хусусии низомӣ дар Русия манъ аст, солҳои охир ба бовари коршиносон «Вагнер» барои татбиқи нақшаҳои Кремлин дар хориҷа нақши муҳим бозидааст.