ИМА аз Эрон тақозо кард, ки дар бораи маъмури собиқи “рабудашуда”-и FBI маълумоти “боэътимод” диҳад

Боб Левинсон. Акс аз соли 2007

ИМА аз ҳукумати Эрон тақозо кард, ки дар бораи як маъмури собиқи FBI, ки ҳангоми сафар ба Эрон дар соли 2007 “рабуда шуд”, маълумоти “боэътимод” бидиҳад. Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА рӯзи 9-уми март, дар 14-умин солгарди нопадидшавии Боб Левинсон гуфт, “ИМА ҳеҷ гоҳ” ӯро фаромӯш намекунад. Блинкен инчунин аз Эрон хост, ки шаҳрвандони бо роҳҳои “ноодилона боздоштшуда”-ро “билофосила ва бо роҳҳои амн” озод кунад. Ӯ гуфт: “Боздоштҳои нафратовар ва ноодилонае, ки бо ҳадафҳои сиёсӣ анҷом шудаанд, бояд билофосила хотима ёбанд”. Левинсон, ки моҳи марти соли 1948 таваллуд шудааст, ҳангоми сафараш ба ҷазираи Кеши Эрон дар моҳи марти соли 2007 нопадид шуд. Ӯ, тибқи гузоришҳо, як коргари қарордодии CIA – Маркази истихбороти Амрико буд. ИМА батакрор талаб кард, ки маҳалли будубоши Левинсон маълум ва ба хона баргардонида шавад, вале мақомоти эронӣ пайваста гуфтаанд, ки дар бораи сарнавишти ӯ ҳеҷ иттилое надоранд. Вале баъди нопадидшавии ӯ як расонаи рӯ ба давлати Эрон дар хабаре гуфт, ки Левинсон дар дасти нирӯҳои амниятии Эрон мебошад. Моҳи декабр маъмурияти пешини Амрико нисбати ду маъмури амниятии Эрон, ки бовар меравад “дар рабоиш, боздошт ва эҳтимолан марги” Левинсон шарик ҳастанд, таҳрим ҷорӣ кард.