Русия мизбони музокироти сулҳи Афғонистону Толибон мешавад

28-уми маи соли 2019 дар Маскав бо даъвати мақомоти Русия раҳбарияти сиёсии Толибон дар садри ҳайати таҳти назари Мулло Абдулғанӣ Бародар дар музокирот ҳозир шуд.

Дар ҳоле, ки музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон бо Толибон ба бунбаст мувоҷеҳ шудааст, Русия нақша дорад, ки 18-уми март дар Маскав конфронсе бахшида ба Афғонистон доир намояд. Ҳоло маълум нест, ки дар ин нишаст ИМА иштирок хоҳад кард ё не? Рӯзи 9-уми март сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ки ИМА, Чин ва Покистон ба Маскав ба хотири арзёбии раванди сулҳи Афғонистон даъват шудаанд. Ҳамчунон ӯ гуфт, ҳайатҳои ҳукумати Афғонистон, Толибони афғон ва Қатар, ки мизбони музокироти байниафғонӣ мебошад, ба конфронс даъват шудаанд. Ба гуфти дипломатҳои рус, ҳадаф аз ин конфронс коҳиши мизони хушунат, хатми низоъ ва бунёди як давлати худкифои озод аз терроризму ҷиноятҳои марбут бо маводи мухаддир аст. Даъват ба конфронс замоне ироа шудааст, ки маъмурияти Президенти ИМА Ҷо Байден баррасии татбиқи созиш миёни ИМА ва Толибонро дастур додааст. Тибқи ин санад низомиёни амрикоӣ бояд то якуми майи соли равон аз Афғонистон берун шаванд.