Дар Покистон як муфтиву писари 13-солаашро куштаанд

Дар инҷо занеро дафн кардаанд, ки барои ҳуқуқи занон мубориза мебурд. Ӯ ва се нафари дигарро дар Вилояти Вазиристони Шимолӣ куштаанд.

Афроди мусаллаҳ дар Покистон як муфтӣ, писари ноболиғу як шогирди ӯро дар канори шаҳри Исломобод куштаанд. Бино ба гуфтаи маъмурони пулис, ҳодиса рӯзи 27-уми феврал дар маҳаллаи Бораи Коҳу сурат гирифтааст.

Муфтӣ Икромпур Раҳмонро, ки бо писари 13-сола ва як шогирди мадрасаи исломӣ ба самти мошинашон мерафтаанд, бо зарби тири туфанг куштаанд. Ҳеч касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст ва таҳқиқи ҷиноят идома дорад. Икромпур Раҳмон, яке аз шарикони муллои “оташнафас” Мавлоно Фазлураҳмон буд, ки раҳбари эътилофи 11 ҳизби мухолиф аст, ки мехоҳанд, ҳукумати феълиро канор зада, ҷойи онро бигиранд.

Моҳҳои ахир қатлу хунрезӣ дар Покистон зиёдтар шудааст. Ҳафтаи гузашта ифротгароёни исломӣ чаҳор мураббии мактаберо куштанд, ки барои ҳуқуқи занон мубориза мебурданд. Онҳоро дар як минтақаи марзии Покистон бо зарби тири туфанг ба ҳалокат расонидаанд.

Дар ҳафтаҳои гузашта дар амалиёти низомиён ба зидди ҷангҷӯён дар манотиқи қабиланишин дар ғарби Покистон даҳҳо сарбоз ва ниманизомиёни тарафдори ҳукумат низ ҷон додаанд.