Ҳазорҳо тарафдорони мухолифон рӯзи 26 феврал аз маркази Ереван бо талаби истеъфои нахуствазир Никол Пашинян раҳпаймоӣ карданд. Фазои Арманистон баъди он ки низомиёнро дар талоши сарнагунии қудрат айбдор кард, пуртаниш мешавад. Тарафдорони мухолифон бо парчаму шиорҳо дар даст ҳукуматро ба истеъфо даъват мекунанд. Интиқод аз Пашинян дар заминаи имсози созиши оташбас бо Озарбойҷон бар сари минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ, ки моҳи ноябри порсол бо миёнҷигии Русия сурат гирифт, мояи интиқоду эътироз аз ҳукумати Никол Пашинян шудааст. Вазген Манукян, ки ӯро мухолифон номзад ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ карданианд, рӯзи 26 феврал тарафдоронро ба эътироз даъват кард. Бисёр мухолифону тарафдоронашон шаби гузаштаро дар маркази шаҳр назди бинои парлумон саҳар карданд. Манукян гуфт, “ё мо аз аъзои ҳукумат халос мешвем, ваё Арманистонро аз даст медиҳем”.
Пеш аз он ки мулоқоти эътирозгарон бо президент Армен Саркисян баргузор шавад, эътирозгарон ба самти дафтари раёсатҷумҳуриву нахуствазир ҳаракат карданд.
Пашинян шоми 25 феврал хитоб ба 20 ҳазор тарафдоронаш дар Ереван гуфт, иҷоза намедиҳад, ки нирӯҳои мусаллаҳ мудохила кунанд. Ин посухи Пашинян дар вокуниш ба талаби истеъфои нахуствазир садо дод, қаблан чунин талабро гурӯҳҳои мухолифини ҳукумати Арманистон ҳам ба забон оварда буданд.Баъди имзои созиши оташбас бо Озарбойҷон ва миёнҷигии Русия дар Қаробоғи Кӯҳӣ дар моҳи ноябри порсол, Пашинян дар дохили кишвар бо эътирозу мухолифатҳои афзоянда рӯбарӯ шуд. Созиши оташбас ба ҷанги 44-рӯза дар минтақаи ҷудоиталабе дар ҳудуди Озарбойҷон хотима гузошт ва дар натиҷа, Арманистон дар муқобили Озарбойҷони мавриди ҳимояти низомии Туркия бархе қаламравҳоро аз даст доду дар ҷараёни ҷангҳо ҳам талафоти низомӣ дид.
Рӯзи 26 феврал ҳам мухолифон, ки 10 ҳазор нафарро ба хиёбонҳо баровардаанд, дар назди бинои парлумон хайма зада тарки қудрат кардани Пашинянро талаб доранд.
Вазген Манукян, номзади муштараки мухолифон ба мақоми нахуствазири нави Арманистон таҳдид кард, ки то замони дар ҷаласаи изтирории парлумони кишвар ҳал шудани истеъфои Пашинян, эътирозҳо бетанаффус шабонарӯзӣ идома мекунанд. Вале Эдмон Марукян, раиси гурӯҳи оппозитсионии парлумонии “Арманистони мунаввар” ба журналистон гуфт, нақшаҳои ташкили ҷаласаи изтирории парлумонӣ 26-уми феврал бо сабаби ба ҷаласа ҳозир нашудани раиси маҷлис бекор шуд. Марукян гуфт, ки бо сабаби ҳозир нашудани намояндагони ҳизби “Иқдоми ман”-и Пашинян, кворум ё шумори зарурии вакилон дар маҷлис ҳозир нашуд ва бо ҳамин сабаб ҳам маҷлис барпо нагардид.
Пашинян рӯзи 25 феврал хитоб ба издиҳом дар Ереван гуфт, ки низомиён бояд кори худро кунанд ва дар фикри дифои кишвар аз ҳамлаи хориҷӣ бошанд.
Пашинян гуфт: “Баъзе одамон мехоҳанд, ки артишро ба ҷараёнҳои зиддиконститутсионӣ ҷалб кунанд. Ин талоши табаддулот аст, вале мардум иҷоза намедиҳад, ки дар Арманистон кудатои низомӣ рух диҳад”
Номаи нирӯҳои мусаллаҳ замоне пахш шуд, ки Пашинян тасмим гирифт муовини раиси ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳро аз мақомаш барканор кунад. Баъди нома бо талаби истеъфои нахустазир, Пашинян раиси ситодро ҳам ба истеъфо фиристод. Эътилофи “Иқдоми ман”-и Пашинян дар парлумон аксариятро ташкил медиҳад. Пашинян гуфтааст, ки талаби мухолифон барои қабули истеъфоро рад мекунад ва бар иваз ҳамаро ба машварати сиёсӣ даъват кард.
Дар як вокунишаш вазорати дифои Арманистон гуфт, ки ҳама гуна дахолати низомӣ ба сиёсат «ғайри қобили қабул» аст.
Ба таниши эҷодшуда дар Арманистон ҳамкорони берунаи Ереван вокуниш карданд. ИМА, ки бо Арманистон равобити дӯстона дорад, аз ҳама гуна иқдомҳои низомӣ ҳушдор дод ва ҷонибҳоро ба худдорӣ аз хушунат даъват кард. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 25 феврал гуфт: “Мо ба ҳамаи ҷонибҳо ёдовар мешвем, ки ба принсипҳои демократӣ пойбанд бошанд ва нирӯҳои мусаллаҳ ба сиёсати дохилӣ набояд дахолат кунанд”. Русия, ки муттафиқи наздики Арманистон буда, дар хоки ин кишвар як пойгоҳи низомӣ ҳам дорад, инчунин ҷонибҳоро ба оромӣ даъват кард. Дмитрий Песков, сухангӯи президент Владимир Путин бо Пашинян телефонӣ ҳамсӯҳбат шудааст. Ӯ гуфт, «Путин ба ҷонибдорӣ аз ҳифзи тартибу интизом ва оромӣ дар Арманистон ва ҳам ба маҷрои қонунӣ овардани вазъ дар Арманистон сӯҳбат кард”. Ӯ гуфт: “Путин аз раҳбарияти қонунии Арманистон ҳимоят мекунад ва умедвор аст, ки вазъ базудӣ оддӣ хоҳад шуд”.
Рӯзи 26 феврал Кремлин гуфт, ки Арманистон бояд ба иҷрои созиш бо Озарбойҷон пойбанд бимонад
Созиши оташбас дар Қаробоғи Кӯҳиро мунаққидони Пашинян як “мағлубияти сиёсӣ” барои Арманистон меноманд, чунки бар асоси он, арманиҳо аз аксар манотиқи дар солҳои 1990 ишғолкардаашон дар ин минтақаи ҷудоиталаб ва ҳам ҳафт ноҳияи атрофи он ақибнишинӣ карданд.
Дар номае, ки аз афсарони низомӣ расидааст, раиси ситоди кулл Пашинян ва ҳукуматро дар он муттаҳам кард, ки кишварро “ба ҳолати наздик ба шикаст” оварданд ва онҳо дигар “қудрати қабули қарорҳои дуруст дар ҳолати изтирорӣ барои мардуми Арманистонро надоранд”. Ин номаро даҳҳо афсарони артиш, аз ҷумла, раиси ситоди кулл Оник Гаспарян ҳам имзо карданд. Гаспарян рӯзи 25 феврал баъди муовинаш аз кор барканор шуд.
Президенти Арманистон Армен Саркисян, ки салоҳиятҳои ӯ бештар ифтихорӣ аст, гуфт, барои бартараф кардани ҳолати бӯҳронӣ даст ба кор шудааст ва аз ҳама ҷонибҳо хост, ки хештандорӣ ва дарки дурусти воқеиятро ба намоиш гузоранд. Президент гуфтааст, ки бо Гаспарян ба хотири рафъи ҳолати таниш мулоқот хоҳад кард.