Қулов хост, "қирғизҳо аз бародарони тоҷикашон ибрат бигиранд" CАДО

Феликс Қулов шаҳри кутоҳашро дар саҳифаи хусусиаш дар Фейсбук нашр кард.

Феликс Қулов, муовини собиқи раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфтааст, дар кишвараш аломатҳое аён аст, ки сабаби ҷанги вайронгари дохилӣ дар Тоҷикистон шуданд.

Ӯ рӯзи 17-уми феврал дар саҳифааш дар Фейсбук, навиштааст: «Дар кишвар вақтҳои ахир мавзуъҳои динӣ бештар бардошта мешаванд ва муттаасифона бояд гуфт, ки ин масоил ҳарчӣ бештар мардум ва миллатро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар Тоҷикистон ҳам чунин шуда буд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Феликс Қулов хост, "қирғизҳо аз бародарони тоҷикашон ибрат бигиранд"

Феликс Қулов соли 1992 муовини раиси ҷумҳур ва соли 1997 раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон буд. Ӯ бо ёдоварӣ аз солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон навиштааст, ки ба ҳайси раҳбари як ҳайати кишварҳои муштаракулманофеъ уро ба Душанбе фиристоданд, то дар оштӣ додани тарафҳои даргир мусоидат кунад.

Ӯ навиштааст: “Аввал ба назар мерасид, ки муттаҳид кардани пайравони тундрави ислом ва мухолифони онҳо, ки ҳоло онҳоро тарафдорони дунявият меноманд, ғайриимкон аст.” Феликс Қулов гуфтааст, дар ниҳояти амр шиоре, ки сабаби оштӣ ва муттаҳид шудани мардуми тоҷик шуд, ин буд, ки “Манофеи миллат бояд аз манофеи дин боло гузошта шавад.”

Феликс Қулов дар ин бора баъд аз он изҳори назар кардааст, ки дар Қирғизистон баҳс сари масоили динӣ ва мухолифатҳои руҳониён дар дохил, аз ҷумла мухолифати аъзои Шӯрои уламо бо муфтии он кишвар авҷ гирифтааст. Ба гуфтаи сиёсатмадори собиқи Қирғизистон, дуруст мебуд, агар мардуми кишвараш “таҷрибаи мардуми бародари Тоҷикистонро ба инобат мегирифт ва ҳамон шиорро бо ранги оштиҷӯёнаи дигар интихоб мекард.”

Ба қавли ӯ, шиори мардуми Қирғизистон, бояд ин бошад, ки “Манофеи ҳаргуна дин, набояд дар байни мардум ҷудоӣ андозад ва наметавонад, болотар аз манофеи миллӣ ва давлатӣ бошанд.”

Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома кард, бештар аз 100 ҳазор нафар кушта ва ҳазорон тани дигар захмиву маъюб шуданд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси пешини Иттиҳоди мухолифон ва раиси Комиссияи оштии миллӣ ҷанги дохилии Тоҷикистонро “таҳмилӣ” номидаанд ва муҳаққиқону муаррихон “аз нақш ва ширкати фаъолонаи Русия ва Узбекистон” зиёд гуфтаанд.

Ҷанг моҳи июни соли 1997 баъди имзои Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ ба поён расид, ки онро ҳукумат ва Неруҳои мухолифини тоҷик, ки аксаран мухолифони исломӣ буданд, имзо карданд. Ҳукумати Тоҷикистонро ҳоло ба канор задани намояндагони ин неруҳо ва аз ҷумла Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ муттаҳам мекунанд, ки созмони террористӣ эълон шуд ва садҳо тарафдораш ба хориҷ фирор карданд.