Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар ду ҳамлаи ҷудогона дар рӯзи 13-уми феврал 5 корманди пулис кушта ва 12 каси дигар захмӣ шудаанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, як ҳамлавари интиҳории Толибон мошини бомбгузоришударо дар посгоҳи амниятӣ дар вилояти Қандаҳор таркондааст.
Ториқ Ориён, сухангӯи вазорат, гуфт, дар ин ҳодиса 12 пулис маҷруҳ шуданд. Ба қавли ӯ, ҳамлавар пеш аз расидан ба посгоҳ дар ноҳияи Арғандоб шиносоӣ шуда, мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.
Дар ҳамлаи шабона дар вилояти шарқии Кунар панҷ маъмури пулис ҷон бохтаанд. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле рух доданд, ки бар рағми талошҳо барои сулҳи байни ҳукумати мавриди ҳимояти Ғарб дар Кобул ва Толибон хушунатҳо дар саросари Афғонистон афзоиш ёфтааст.