Иттиҳоми нав ба зидди Мария Колесникова, яке аз раҳбарони мухолифон дар Беларус

24-уми августи соли 2020. Минск. Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз: вазири пешини фарҳанг Павел Латушко; узви гуруҳи мухолифин Мария Калесникова ва ҳуқуқшинос Максим Знак дар нишасти хабарӣ ба суолҳои журналистон посух медиҳанд

Манбаъҳо дар Беларус рӯзи 12-уми феврал гуфтанд, ки ба иттиҳомоти зидди Мария Колесникова ва Максим Знак - ду фаъоли мухолифон, моддаҳои нави вобаста ба "тавтеа ба хотири ғасби қудрат ва ифротгароии созмонёфта" илова кардаанд.

Ин ду нафар узви муҳими Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифони Беларус буданд, ки баъд аз интихоботи баҳсбарангези президентӣ дар моҳи августи соли 2020 бо ҳадафи интиқоли сулҳомези қудрат ташкил шуд.

Иттиҳомоти нав дар ҳоле эълон шуд, ки Александр Лукашенко дар як ҷаласае, ки онро Анҷумани мардумии Беларус номиданд, дар бораи гуё роҳандозӣ кардани ислоҳот ва тағйири Конститутсия суҳбат кард. Мунаққидон мегӯянд, дар пасманзари эътирозҳои сартосарӣ дар асл ӯ мехоҳад, дар ин муддат вақтро ба манфиати худ истифода кунад.

Бар асоси иттиҳоми нав ба Колесникова ва Знак то 12 соли зиндон таҳдид мекунад. Мухолифон гуфтанд, интихобот тақаллуб шуд ва Ғарб ҳам натиҷаҳои онро эътироф накард.