Баҳси Русияву Иттиҳоди Аврупо сари масъалаи боздошт ва заҳролудшавии сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний идома дорад, дар ҳамин ҳол, тарафдорони мунаққиди Кремлин ба эътирози нав омода мешаванд. Рӯзи 10-уми феврал додгоҳе дар Маскав амр дод, ки Леонид Волков, як муттафиқи Навалний, ки дар берун аз кишвар мебошад, боздошт шавад. Эҳтимолан ин амр ба даъвати ахири ӯ барои таҷаммӯи мардум дар рӯзи 14-уми феврал рабт мегирад, ки ба нишони эътироз аз ҳабси Навалний дар таърихи 17-уми январ барпо мешавад.
Навалний аз моҳи августи порсол то бозгашташ дар моҳи январ дар Олмон буд. Ӯ дар беморхонаи ин кишвар осори заҳролудшавӣ аз як заҳри низомиро табобат кардааст. Навалний дар заҳролудкунии худ президент Владимир Путинро айбдор кард, вале Кремлин ин иттиҳомотро рад мекунад. Боздошти ӯ баробари расиданаш ба Маскав боиси хашму эътирозҳои серҷамъият дар хиёбонҳо гардид. Худи Навалний боздошташро ҳамчун “Қассосгирии шахсии Путин” аз зинда мондани ӯ аз сӯиқасд ба ҷонаш қаламдод кардааст. Юлия Навалная, ҳамсари ӯ ҳам дар ҳафтаҳои гузашта чандин бор боздошт шуд. Рӯзи 10 феврал Интерфакс гуфт, ки Навалная ба Олмон парвоз кард, вале ҳуқуқшиноси ӯ ин хабарро тасдиқ намекунад.