СММ: Эрону Кореяи Шимолӣ ҳамкориҳо дар бахши силоҳҳоро барқарор кардаанд

14 январи соли 2021, Пхенян. Намоиши мушакҳои баллистикии зериобӣ дар паради низомӣ ба муносибати 8-солагии анҷумани ҳизби коргари Корея

Як гузориши СММ мегӯяд, Эрону Кореяи Шимолӣ соли гузашта ҳамкориҳо дар бахши рушди мушакҳои дурпарвозро барқарор кардаанд. Як ҳайати мустақили коршиносон, ки рафтори Кореяи Шимолиро дар чаҳорчӯби таҳримҳо назорат мекунад, дар гузориши худ ба Шӯрои амнияти СММ дар таърихи 8-уми феврал гуфт, “ҳамкориҳо аз интиқоли қисматҳои муҳим иборат аст ва як ҳолати охирини интиқоли бор дар соли 2020 сурат гирифтааст”. Дар аввалин вокунишаш ба тарҳи гузориш дар моҳи декабр сафири Эрон дар СММ Маҷид Тахтравончӣ гуфт, ки ин иттиҳом “дурӯғ” аст ва дар таҳқиқоти гурӯҳи коршиносон “метавонад иттилои нодуруст истифода шавад”. ИМА солҳои зиёд аст, ки Кореяи Шимоливу Эронро барои ҳамкорӣ дар силоҳҳои ҳастаӣ муттаҳам мекунад. Ин гузориш дар ҳоле нашр шуд, ки маъмурияти президент Ҷо Байден талош дорад бо роҳҳои дипломатӣ дубора Эронро ба барномаи ҳастаии соли 2015 имзошуда баргардонад. Президенти собиқи Амрико Доналд Трамп соли 2018 аз ин созиш берун шуд, сари ин кишвар таҳримҳои шадид ҷорӣ кард ва равобити сиёсии ду ҷониб ҳам печидатар гардид. Эрон тадриҷан аз иҷрои ӯҳдадориҳои бар асоси ин созиш имзошуда берун шуд.