Барномаи COVAX-и зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 3 феврал тартиби тақсими тахминии 96 миллион ваксинаи зиди коронавирусро байни кишварҳои ширкатдори ин барнома нашр кард. Қарор аст, марҳилаи аввали интиқоли ваксинаи “AstraZeneca” моҳи ҷорӣ оғоз шуда, беш аз 3 фоийзи аҳолии 145 давлатро фаро бигирад. Интизор меравад, ки Тоҷикистон 732 ҳазор дона ваксинаро дарёфт кунад. Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикисон гуфта буд, қарор аст 20 фойизи аҳолии Тоҷикистон аз COVID-19 эм карда шаванд. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст, маъракаи эмгузаронӣ дар нимаи соли ҷорӣ сурат гирифта, 1 миллиону 800 нафарро фаро хоҳад гирифт. Ба қавли вазир, дар марҳилаи аввал кормандони тиб, омӯзгорон, афроди дорои бемориҳои музмин ва онҳое, ки аз 50-сола боло ҳастанд, ваксина мегиранд. Маълум нест, ки оё ин воксинаҳо ройгон ваё бо пул дода мешаванд. Мақомот ин масъаларо шарҳ надодаанд.
Тоҷикистон ба 700 ҳазор дона воксинаи СҶТ умедвор шуда метавонад
СҶТ умедвор аст, ки ба кишварҳои нодори узви барномаи COVAX воксинаҳои навъи AstraZeneca ва як миқдор Pfizer-BioNTech ирсол мешавад