Блогери узбек баъди танқиди раиси вилоят боздошт шудааст

Отабек Сатторӣ

Блогер Отабек Сатторӣ аз вилояти Сурхондарёи Узбекистон, ки бо интиқодҳои худ аз мақомоти маҳаллӣ маъруф аст, боздошт шуд.

Департаменти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 1-уми феврал ба зидди Сатторӣ бо айби тамаъҷуӣ парванда кушодааст. Наздикони блогер мегӯянд, парванда сохтааст.

Хоҳари блогер Фарангис Олимова хабар дод, ки бародарашро 29-уми январ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар либоси мулкӣ омада, аз хонаашон бо худ бурданд. Сатторӣ гӯиё ба тамаъҷуии нақдина ва телефони мобилӣ аз шахсони ношинос айбдор мешавад.

Додгоҳи шаҳри Тирмиз низ 1-уми феврал қарори ба ҳабси пешакӣ гирифтани блогерро содир кардааст.

Саттории 40-сола раиси вилояти Сурхондарёро сахт танқид карда буд. Ӯ дар яке аз навиштаҳои ахираш мақомоти маҳаллиро ба боз кардани парвандаҳои сохта ба зидди блогерон айбдор карда, гуфт, "бо вуҷуди таъқибҳо" бозтоби фасодкории мансабдоронро идома медиҳад.