Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021: Аввалин бозии "Истиқлол" бо "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай"

Акс аз бойгонӣ

Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои мусобиқаи асосии бошгоҳии қора - Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021-ро, ки дар он қаҳрамони Тоҷикистон - "Истиқлол"-и Душанбе низ ширкат меварзад, эълон кард.

Тибқи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, ки рӯзи 27-уми январ доир гардид, "Истиқлол" ба гурӯҳи "А" ворид шуд. Қаҳрамони Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо бошгоҳҳои "Ал-Ҳилол" (Арабистони Саудӣ), "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), инчунин ғолиби ҷуфти плей-офф "Ал-Ғарафа" (Қатар) - АГМК (Узбекистон) рақобат хоҳад кард.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 “Истиқлол” шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии аввалини худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа "Истиқлол" рӯзи 15-уми апрел бо қаҳрамони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ - бошгоҳи "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай" рӯбарӯ мешавад.

Виталий Левченко, сармураббии «Истиқлол», натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021-ро шарҳ дод. Ӯ гуфт, "Лигаи қаҳрамонҳо барои мо як даъвати нав аст, мехоҳем натиҷаҳои баландро ба даст орем ва мухлисони худро бо ҳар бозӣ шод гардонем."

Тибқи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 даҳ гурӯҳ ташкил шуд. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарбӣ аз 14-ум то 30-юми апрел ва дар минтақаи Шарқӣ аз 21-уми апрел то 7-уми май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа ба даври 1/8 финалии Лигаи

қаҳрамонҳои AFC-2021, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро бо нишондодҳои хубтар ишғол мекунанд, роҳхат мегиранд.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарбӣ

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон).

Даври 1-ум

15-уми апрел (панҷшанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

Даври 2-юм

18-уми апрел (якшанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти плей-офф «Ал-Ғарафа» (Қатар)/АГМК (Узбекистон)