Дар баъзе аз кишварҳо дубора маҳдудияти сафар ҷорӣ шуд

Ҳавопаймое дар фурудгоҳи ба номи Ватслав Ҳавели шаҳри Прага

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо нигаронӣ аз паҳншавии навъи ҷадиди коронавирус маҳдудиятҳои нави сафар ҷорӣ карданд.

Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Португалия ва Ҷумҳурии Чех аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки маҳдудият ба сафарҳои байнулмилалиро эълон карданд.

Навъи ҷадиди коронавирус, ки ба суръат дар байни мардум дар ҳоли густариш аст, аввалин бор дар Бритониё, Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ кашф шуд.

Чораҳои эҳтиётӣ дар ҳоле гирифта шудааст, ки мақомоти тандурустӣ арзёбӣ мекунанд, ки оё ваксинаи зидди коронавирус мардумро аз навъи ҷадиди бемории ҳамагир муҳофизат мекунад ё не.

Бемории COVID-19 аз охири соли 2019 то кунун ба тақрибан 100 миллион кас дар ҷаҳон сироят карда, боис ба марги беш аз 2 миллиону сад ҳазор нафар шудааст. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, зиёда аз 54 миллион кас аз бемории ҳамагир шифо ёфтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз аввали имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифторони беморӣ хабар медиҳанд. Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор кас бемор шуда, 90 нафар ҷон бохтаанд. Омори ғайрирасмии талафот ва бемориро бештар аз ин медонанд.