Ширкати амрикоии афзорҳои биологии Novavax эълон кард, ки ваксинаи сохтаи он зидди коронавирус 89,3 дарсади коромадӣ нишон додааст.
Ширкати Novavax рӯзи 28-уми январ гуфт, ваксинаи сохтани он зидди навъи нави коронавирус ҳам таъсир дорад.
Изҳороти ширкат дар ҳолест, мансабдорони амрикоӣ аз он нигаронанд, ки оё ваксинаҳо метавонанд, зидди навъҳои нави коронавирус таъсир дошта бошанд ё не.
Ибтидои ҳафтаи ҷорӣ ширкатҳои Pfizer/BioNTech ва Moderna гуфтанд, ваксинаҳои онҳоро метавон ба зидди намуди нави вирусе истифода кард, ки дар Бритониё сабт шудааст. Аммо ин ваксинаҳо дар мубориза ба зидди навъи коронавирусе, ки дар Африқои Ҷанубӣ ошкор шуд, таъсири камтар доранд.