Дар раддабандии нави созмони Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал), ки мизони фасоди молиро дар кишварҳои ҷаҳон "чен" мекунад, Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум (дар миёни 180 кишвар) қарор гирифтааст.
Гузориш рӯзи 28-уми январ чоп шуд. Бино бар он, Тоҷикистон аз 100 бал ё имтиёзи лозим 25 хол гирифта, дар мубориза бо фасод бо Мозамбику Нигерия, Мадагаскар, Камерун ва Эрон дар як саф аст.
Дар таҳқиқот ба таъсири фасоди молӣ ба амалкардҳои ҳукумат дар давраи пандемияи COVID-19 ишора кардаанд. Дар ин шохис нишондиҳандаҳои кишварҳо бо сармоягузории онҳо ба бахши тандурустӣ ва дараҷаи заъфи меъёрҳо ва ниҳодҳои демократӣ муқоиса шудааст.
Ҳамсояҳо дар чӣ вазъанд?
Онҳо маъмулан дастгир мекунанд, вале боз ришва мегиранду раҳо мекунанд. Онро ҳамчун қаллобӣ сабт мекунанд, ки ин дасти фасодкоронро бештар боз мегузорад.Хайрулло Мирсаидов
Ҳомиёни ҳуқуқ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистонро ҷудо мекунанд, ки 31 бал гирифтаву мақоми 124-уми худро ҳифз кардааст. Гуфта мешавад, аз соли 2012 ин кишвар мавқеи худро бисёр хуб кардаву то 7 бал боло рафтааст. Дар баробари ин, дар гузориш ишора шудааст, ки паҳншавии густардаи фасод ва набудани шаффофияту гузоришдиҳӣ, ба расидагии кофӣ ба ҳамагирӣ халал расонд.
Узбекистон бо гирифтани 26 бал дар мақоми 146, Қазоқистон бо 28 бал дар ҷойи 94 ва Туркманистон бо 19 бал дар мақоми 165-уми раддабандӣ қарор доранд.
"Баъзе аз раҳбарони сиёсӣ аз буҳрон истифода карданд, то қудрати худро маҳкамтар кунанд ва бештар талош карданд, дастрасиро ба иттилоъ маҳдуд намоянд; талаботи шаффофиятро аз қоидаҳои хариди давлатӣ берун карданд ва аз механизми гузоришдиҳии ҷамъиятӣ даст кашиданд", -- гуфта шудааст дар санад.
Дар миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ натиҷаи аз ҳама хубтарро Гурҷистон бо 56, Арманистон бо 49 ва Белорус бо 47 имтиёз доранд. Дар сархати раддабандӣ Дания ва Зелендияи Нав бо доштани 88 имтиёз қарор доранд. Дар ҷойи аз ҳама охир Сурия, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ ҳастанд, ки мутаносибан 14, 12 ва 12 холӣ гирифтаанд.
Тоҷикистони тағйирнаёбанда
Дар созмони Transparency International мегӯянд, фасод низоми тандурустиро мешикофад ва имкон медиҳад, дар шароити ҳамагирии COVID-19 ба демократия ҳамла шавад. Кишварҳое, ки дар ин шохис натиҷаҳои хубтар додаанд, барои тандурустӣ бештар маблағгузорӣ кардаанд ва барои фарогирии хадамоти умумии тандурустӣ бо эҳтимоли хеле ками нақзи усулҳову ниҳодҳои демократӣ ва ҳокимияти қонун, имкони хубтар доранд.
Мақоми Тоҷикистон дар раддабандии солона бе тағйир мемонад. Соли гузашта ҳам кишвар 25 бал дошт. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2007 ниҳоди махсус - Оҷонси назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо фасод фаъол аст. Баъзан вақт боздоштҳои намоишии мансабдорон ва танқиди президент дар бораи зиёдшавии фасод дар давлат мушоҳида мешаванд, вале бо ин вуҷуд беҳшавии вазъ, ҳадди ақал бар пояи ин раддабандӣ, сурат намегирад.
Шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, сарфи назар аз ҷудо шудани маблағҳои ҳангуфте аз буҷа барои мубориза бо фасод, ниҳодҳои зидди коррупсия натиҷаҳои лозимро надоранд. "Онҳо маъмулан гумонбаронро дастгир мекунанд, вале боз ришва мегиранду раҳо мекунанд. Инро ҳамчун қаллобӣ сабт мекунанд, ки ин дасти фасодкоронро бештар боз мегузорад. Амалан ин ниҳод ба ҷойи мубориза фасодро ташвиқ мекунад", -- мегӯяд Мирсаидов.
Фаъолияти кормандони ин ниҳодро борҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам интиқод кардааст ва онҳоро ба он муттаҳам кард, ки "барои худ ва наздиконашон кор мекунанд" ва шиддат гирифтани фасод мусоидат мекунанд. Президент ҳанӯз дар соли 2015 ҳушдор дода буд, агар ин ниҳод муассир кор накунад, онро мебанданд, вале то кунун кори он давом овардааст.
Моҳи июли соли гузашта дар ниҳоди зиддифасод гуфта буданд, рӯйи як барномаи хоси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд, вале баъдан ҳеч шарҳе расонаӣ нашуд.
Оё гузаронидани таҳқиқот дар мавриди фасод вуҷуд дорад?
Мирсаидов ба махфӣ будани эъломияи андози мансабдорон дар Тоҷикистон ишора мекунад. Ӯ гуфт: "Фаъолияти мансабдоронро мешуд, ки бо роҳи баргузор кардани таҳқиқҳои рӯзноманигорӣ санҷид, вале бино ба махфӣ будани иттилоъ, рӯзноманигорон метарсанд, мавзӯи то ахир омӯхтанашуда метавонад даъвоҳои молиявӣ дар пай дошта бошад. Ин барои идораи расонаҳое, ки вазъи баъди молӣ доранд, қадами хатарзо аст."
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, мақомот метарсанд, ки ошкор кардани эъломияҳои андоз сабаби санҷишҳо ва таҳқиқоти рӯзноманигорон мешавад. Ба ҳамин далел, ғолибан аз эъломияҳо ба зидди мансабдороне истифода мекунанд, ки аз раҳмату меҳрубонии ҳукумат дар канор мондаанд.
Дар гузориши "Ислоҳоти зиддифасод дар Тоҷикистон" дар соли 2017 гуфта мешуд, андешидани чораҳои қонунӣ дар мавриди эъломиябандӣ кардани моликияти хидматчиёни давлатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо танҳо ба хидматчиёни маъмурӣ дахл дошта, хидматчиёни сиёсиро дар бар намегирад. Ҳамчунин ҳокимияти ношаффофи додгоҳӣ, набудани дастрасии пурра ба иттилоъ, қонунгузории ҷиноӣ ва таркибҳои дигари стратегияи мубориза бо фасод ҳам мавриди интиқод қарор дода шуда буданд.
Рӯзноманигор Марат Мамадшоев мегӯяд, таҳқиқоти марбут ба фасод дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд, вале вокуниши лозимеро ба бор намеоваранд.
"Дар мавриди Бег Сабур, ки дар ҷойи кораш ба тиҷорат сари кор дорад, таҳқиқот гузаронида шуда буд. Ин вокуниши лозиме дар пай надошт. Ин муносибати мардумро ба ин падида нишон медиҳад", -- тахмин мезанад Мамадшоев.
Солҳои гузашта OCCRP таҳқиқоти марбут ба фасодро дар бораи наздикони раисҷумҳур борҳо нашр кард. Дар матолиб доир ба шеваҳои инҳисор (монополия) ва тақсим кардани бозор гуфта мешуд. Аммо ин матолиб ҳеч вокуниши ҷомеа ва мақомотро ба бор наовард.
Нигоҳе ба мавзӯи фасод дар Қирғизистон
Дар Қирғизистон ҳам сатҳи фасод ба андозаи лозим баланд аст, ҳарчанд дар раддабандии Шохиси пазириши фасод дар соли 2020 мавқеи худро 7 зина беҳтар кардааст. Дар кишвар ба таври систематикӣ боздошти мансабдорон бо гумони даст доштан дар фасод сурат мегирад, таҳқиқоти рӯзноманигории пусарусадое нашр мешавад, ки аксаран далели боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ мешаванд.
Рӯзи 27-уми январ нахуствазири собиқи Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абдулғозиев боздошт шуд, ки бино ба маълумоти пешакӣ барои дороиҳои ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад. Нахуствазирҳои собиқ Сафар Исҳоқов ва Жанторо Сотиболдиев низ пештар бо иттиҳоми фасод барои солҳои зиёд зиндонӣ шуданд.
Ҳамзамон бо ин, мубориза бо фасодро дар ин кишвар шеваи халос шудан аз рақибони сиёсӣ ном мебаранд. Аз ҳама ҷанҷоли пурсарусадои фасод дар соли гузашта ба номи муовини пешини Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов гиреҳ мехӯрд, ки мувофиқи таҳқиқоти Радиои Озодӣ, барои берун бурдани 700 миллион доллар аз кишвар муттаҳам мешуд.
Баъди тағйири қудрат дар Қирғизистон, дар моҳи октябри соли 2020, Раимбек Матраимов дар доираи як таҳқиқи нақшаҳои фасод дар ниҳодҳои гумрук боздошт шуд. Худи ҳамон рӯз додгоҳ ӯро бо шарти берун нарафтан аз макони зисташ озод кард. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шарҳ дод, ки боздоштшуда изҳори омодагӣ кард, зарари расонидаро барқарор мекунад ва бино ба маълумоти тафтишот ҳудуди 2 миллиард сомро дар бар мегирад.
9-уми декабри соли гузашта маълум шуд, ки Амрико Раимбек Матраимовро дар рӯйхати ҷаҳонии Магнитский ворид кардааст.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи Амрико, ҳамаи моликияти афроди вориди ин рӯйхат ва саҳмҳои онҳо дар тиҷоратҳои гуногун, дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида боздошта мешаванд. Таҳримҳо ҳамчунин марбут ба ҳамсари ӯ Уулкан Турғунова мешаванд.
"Боздошти мансабдори пурнуфуз ва ворид шудани ӯ ба рӯйхат ба шарофати вокунишҳои ҷомеа ва пуштибонии расонаҳо аз сӯйи ҷомеа ба даст омад", -- бовар доранд коршиносон.
Журналисти таҳқиқгар аз Бишкек Болот Темиров мегӯяд, ки аксари таҳқиқи рӯзноманигорон бо шарофати иҷро кардани масъулиятҳои Қирғизистон дар бахши боз кардани додаҳо (маълумот) ба даст омад. "Бино ба баҳогузориҳои охир Қирғизистон танҳо 30 дарсади масъулиятҳояшро иҷро кардааст ва дар бахши қонунгузорӣ, додаҳои боз дар мавриди будҷа, хариди давлатӣ, қарорҳои додгоҳӣ ва ғайра низ бояд пешрафт шавад”, -- афзуд ӯ.
Вале, ба гуфтаи ӯ, дар кишвар талошҳои ғайриқонунии маҳдуд кардани фаъолияти рӯзноманигорон ҳангоми пазируфтани Қонуни асосии нав мушоҳида мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як замин, ду соҳиб ва се қарор. Айби раиси ноҳия ё даъвогарон? ВИДЕОМактабҳои нимсохта ва носохта. Маълумот дар бораи миллионҳо доллар "зери ҳимояти қонун", яъне махфӣ. ВИДЕОХадамоти гумрук: Ниҳоди пуркунанда ё холикунандаи буҷаи Тоҷикистон?