Ҷаҳон дар аҳди коронавируси нав ба як марҳилаи тираи дигаре расид. Рӯзи 26-уми январ теъдоди собитшудаи гирифторони СOVID-19 дар сайёра аз 100 миллион нафар гузашт ва ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳо барои пешгирӣ аз сирояти ҳарчи бештари навъҳои нави вирус ва тақсими ваксина даступо мезананд. Дар Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта теъдоди гирифторони беморӣ аз 25 миллион гузашт. Дар ин кишвар, ки бештар аз ҳама аз коронавируси нав осеб дидааст, бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, омори ҳалокат аз ин беморӣ то кунун 425 ҳазор нафарро ташкил додааст. Сад миллион нафаре, ки коронавируси нав бемор кардааст, 1,3 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, аммо ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, теъдоди беморон аз ин ҳам бештар бошад, чун сабти беморон на дар ҳамаи кишварҳо дуруст ба роҳ монда шудааст. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, эълон кард, ки барои ваксинзании аҳолӣ 200 миллион дона ваксинаи нав мехаранд. Ин миқдор ваксина иҷоза медиҳад, ки тамоми мардуми Иёлоти Муттаҳида то охири тобистон ваксина бигиранд. Бритониё рӯзи 26-уми январ аввалин кишвари Аврупо шуд, ки талафот аз беморӣ дар ин кишвар аз 100 ҳазор нафар гузашт. Тоҷикистон чанд рӯз боз гузориш медиҳад, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти беморӣ сабт нашудааст.
Омори расмии олудашудаҳо ба COVID-19 аз 100 миллион нафар гузашт
Зане дар Булғористон воксинаи зидди COVID-19 қабул мекунад