Доналд Трамп, ки 20-уми январ салоҳиятҳои кориаш дар мақоми президенти ИМА ба анҷом расид, дар аёлати Флорида дафтари кории худро боз кард. Ёварони Трамп дар иттилоияие хабар доданд, ки ин дафтари корӣ бо танзими мукотибаҳо, ташкили суханрониҳо, баромадҳои ӯ ба ҳайси собиқ президенти ИМА ва ташвиқи дастовардҳои маъмурияти пешинааш машғул хоҳад буд.
Хабар рӯзи душанбе нашр шуд. Ин ҳамон рӯзе буд, ки Маҷлиси намояндагони Конгресс ба Сенат – палатаи болоӣ қарори импичменти Трампро таслим кард ва дар он Трамп дар таҳрики ошӯби хушунатомез ба Конгресс дар таърихи 6-уми январ гунаҳкор мешавад. Он рӯз гурӯҳи тарафдорони Трамп ба бинои Капитол ҳамла карданд ва дар натиҷаи беназмиҳои рухдода 5 нафар кушта шуд.
Рӯзи 20 январ, лаҳзаҳое пеш аз тарки Вашингтон карданаш Доналд Трамп хитоб ба тарафдоронаш гуфт, “мо ба ин ё он шакл бармегардем”. Аз замони ба қароргоҳи хусусиаш дар Мар-а-Лагои аёлати Флорида кӯчиданаш Доналд Трамп дар мазҳари ом дида нашудааст. Трамп ҳеҷ гоҳ мағлубияти худ ва пирӯзии ҷо Байденро дар интихоботи президентии ИМА эътироф накардааст.
Хабаргузории Рейтерс бо так ба нашрияи Wall Street Journal ёдовар шуд, ки Трамп бо ёваронаш имкони таъсиси ҳизби сиёсии навро бо номи “Ҳизби ватандӯстон” баррасӣ кардааст.
Дар сурати содир шудани ҳукми айбдоркунанда ба Трамп дар муҳокимаҳои импичменти ӯ дар Сенат, ӯ ҳақ надорад дигар номзад ба президент шавад. Баррасиҳо дар палатаи болоии маҷлиси Амрико 8-уми феврал шурӯъ мешаванд. Вале то ҳол ин масъала номаълум боқӣ мемонад, ки то куҷо беш аз 70 дарсади сенаторҳо аз қарори импичменти Трамп пуштибонӣ мекунанд ё на.