Тед Липйен аз мақоми президенти РАО/РО озод шуд

Тед Липийен

Шоми 22-юми январ президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва ду нафар аз роҳбарони бунгоҳи нашаротии байналмилалӣ, ки ҳукумати Амрико сармоягузорӣ мекунад, бо фармони иҷрокунандаи роҳбари Оҷонси расонаҳои ҷаҳонии Амрико ва ё USAGM аз вазифа барканор шуданд.

Мақомҳои расмие, ки бо ин тағйирот ошноянд, гуфтанд, Келу Чао, иҷрокунандаи роҳбари USAGM, Тед Липйен президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ҳамроҳ бо роҳбари “Радиои Осиёи Озод” ва “Шабакаи Хабаррасонии Ховари Миёна” баъд аз як моҳи таъин шудани онҳо ба ин мақом аз вазифа сабукдӯш кард.

Ин тағйироти кадрӣ пас аз он сурат мегирад, ки Чао роҳбари “Садои Амрико” ва муовини ӯро аз вазифа барканор кард. Роҳбари “Дафтари суханпароканӣ дар Куба” низ истеъфо дод.

“Садои Амрико” ва “Дафтари суханпароканӣ дар Куба”ба ҳукумати Амрико тааллуқ доранд. Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, “Радиои Осиёи Озод” ва “Шабакаи Хабаррасонии Ховари Миёна” ширкатҳои хусусии ғайритиҷоратӣ ҳастанд, ки тавассути Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешаванд.

Ин тағйироти кадрӣ пас аз истеъфои Майкл Пак, роҳбари USAGM сурат мегиранд. Пак аз сӯи демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон барои сиёсати кадрие, ки пас аз таъйин шуданаш дар моҳи июни соли гузашта дар Конгресс рӯи даст гирифт, танқид мешуд.