Бозигари тими футболи итолиёии "Ювентус", зодаи Португалия Криштиану Роналду дар шабакаи иҷтимоии Instagram 250 миллион ҳаводор ё "подписчик" ҷамъ овард.
Танҳо саҳифаи расмии Instagram аст, ки аз Роналду бештар - 382 миллион ҳаводор дорад.
Дар мақоми дувум, баъди Роналду, саҳифаи овозхони амрикоӣ Ариана Гранда меистад, ки вай 214 миллион ҳаводор ҷамъ овардааст.