WHO истифодаи фаврӣ аз вакcинаи Pfizer-BioNTech-ро эълон кард

Истифода аз ваксинаи Pfizer-BioNTech аввал дар Бритониё ва сипас Амрикову кишварҳои Иттиҳоди Аврупо оғоз шуд

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) хоҳони истифодаи ҳарчи зудтар аз ваксинаи Pfizer – BioNTech шуд.

Аз оғози ҳамагирии коронавируси нав то кунун ин нахустин эътибори бузург ба як ваксинаи тавлидшуда бар зидди COVID-19 ба шумор меравад. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 31-уми декабри соли 2020 дар эъломияе гуфт, ин иҷоза заминаи фаврии воридот ва назорати ваксинаро барои ҳамаи кишварҳо фароҳам мекунад.

Татбиқи ваксинаи Pfizer – BioNTteh моҳи декабр аввал дар Бритониё, сипас дар Амрикову кишварҳои Иттиҳоди Аврупо оғоз шуд.

Бемории COVID-19 як сол пеш дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор ва баъдан ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Аз он замон то кунун беморӣ ба беш аз 83 миллион кас сироят карда, боис ба марги зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор нафар гардидааст.