Русия бо эълони ин ки шумори воқеии талафоти бемории COVID-19 дар ин кишвар се баробар бештар аз омори нашршуда аст, гуфт, мизони талафот аз ин бемориро кам нишон додааст.
Пас аз ин пазириш, Русия аз назари талафоти пандемияи COVID-19 дар ҷойи севум ва баъд аз Амрикову Бразил қарор мегирад.
Оҷонси "Росстат" рӯзи 28-уми декабр гуфт, теъдоди маргу мир дар ҳама ҳолатҳо аз январ то ноябри имсол 229,700 нафар назар ба ҳамин давраи соли қабл афзоиш ёфтааст.
Татяна Голикова, муовини нахуствазири Русия гуфтааст, беш аз 81 дарсади афзоиши маргу мир дар ин муддат бар асари COVID-19 будааст. Ин ба маънои он аст, ки беш аз 186 ҳазор шаҳрванди Русия бар асари COVID-19 ҷони худро аз даст додаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки омори сабтшуда шумораи фавтидагонро дар ин кишвар ҳудуди 54,500 нафар ва гирифторон ба ин бемориро беш аз 3 миллион нафар нишон медиҳад.
Аз оғози пандемия, Русия ҳамеша талош кардааст таъсири бемориро камранг нишон диҳад. Ҳатто нозирони хориҷӣ ҳам изҳор доштанд, ки талафот дар Русия хеле кам аст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар аввали моҳи декабри имсол гуфт, кишвараш дар мудирияти пандемия нисбат ба кишварҳои ғарбӣ кори беҳтаре анҷом дод.