Ҷо Байден ҳукумати Трампро ба "монеасозӣ" муттаҳам кард

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико.

Раисҷумҳури мунтахаби Амрико Ҷо Байден ҳукумати Доналд Трампро ба "сангандозӣ" дар тамос байни мақомҳои давлатӣ ва тими интихоботии худ муттаҳам кард.

Байден рӯзи 28-уми декабр гуфт, тими вай ба "монеасозиҳо" аз сӯи Вазорати дифоъ, идораи мудирият ва буҷа (буҷет, будҷа) рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир наметавонанд маълумотеро, ки дар бораи амнияти миллӣ лозим аст, аз ҳукумати дар ҳоли рафтан (ҳукумати Трамп) дарёфт кунанд. Ӯ изҳор дошт, тими интихоботиаш бояд тасвире пурра дар бораи буҷаи Вазорати дифоъ ва оҷонсиҳои дигар дарёфт кунад.

Ин суханони раисҷумҳури мунтахаби Амрико пас аз он садо дод, ки тимҳои интиқоли қудрат, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ, вазири дифоъ ва мушовири амнияти миллии таъйиншудаи ӯ, ба вай ва муовинаш Камила Ҳаррис дар робита ба умури амнияти миллӣ маълумот ироа карданд.

Байден гуфт, тими ӯ ошкор кардааст, ки ниҳодҳои амниятӣ дар даврони раёсати ҷумҳури Трамп садамаи сахте дидаанд.