Женева, Канн, Ню-Йорк... Хонаҳои бошукӯҳи наздикони Назарбоев. ВИДЕО, АКС

Майк Эккел ва Сара Алихон

Дар ду даҳсолаи гузашта аъзои оилаи Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон, дар Аврупову Ғарб бо садҳо миллион доллар моликият харидаанд. Хонаҳои онҳо дар Бритониёву Испания, Амрико, Фаронса, Ҷумҳурии Чех ва кишварҳои дигар сабт шудаанд.

Дар таҳқиқоти нави бахши қазоқии Радоии Озодӣ дар бораи моликияти хусусии аъзои хонаводаи Назарбоев маълумоти ҳадди аксар дақиқ ҷамъоварӣ шудааст, аммо ин ҳамоно тамоми маълумот дар бораи дороиҳои хонавода нест.

Назарбоев аз соли 2010 ба ин сӯ расман "Элбасӣ" ё "Пешво" номида мешавад. Ин мақом ӯ ва аъзои оилаашро аз ҳама гуна пайгарди қонунӣ муҳофизат мекунад. Ҳоло ӯ раиси доимии Шӯрои амният ва раҳбари ҳизби ҳокими "Нур Отан" аст. Соли 2019 Остона, пойтахти Қазоқистонро ба номи ӯ Нурсултон гузоштанд.

Хешовандони Назарбоев, ки намедонанд оянда чӣ мешавад, сармояҳои худро ба хориҷа бароварданд.
Кейт Мэллинсон

Таҳқиқоти журналистии мазкур як талоши бесобиқаи дарки сармояҳои хешовандони Назарбоев аст, ки дар шакли хонаҳои боҳашамат дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ифода шудаанд. Ин ҳама моликиятро онҳо барои саҳмияҳояшон дар бахши энерживу бонкдорӣ ва нафту иқтисоди кишвар ба даст овардаанд, дар ҳоле ки айни замон дар сохторҳои давлатӣ мансаб доранд.

Журналистони Радиои Озодӣ маълум кардаанд, Назарбоевҳо дар шаш кишвари ҷаҳон ба маблағи на кам аз 786 миллион доллар хона доранд ва ин ҳамаро дар давоми 20 соли охир ба даст овардаанд. Ин рақам чанд биноеро дар назар мегирад, ки аз ҷумла, баъдан фурӯхта шуданд. Яке аз онҳо хонаҳои бародари Назарбоев – Болат Назарбоев дар Ню-Йорк аст. Масалан, ба ин феҳрист як қасри азими Тимур Қулибоев, домоди Нурсултон Назарбоев дар Испания ворид нашудааст, чун иттилоъ дар бораи нархи харидуфурӯши он дастрас нашуд.

Хешовандони Назарбоев мегӯянд, сарвати зиёдашон ҳосили тиҷораташон аст, на робитаҳои сиёсӣ бо раҳбари Қазоқистон.

Маъданҳои табиии Қазоқистон, мисли нафту газу уран кумак карданд, ки аҳди Назарбоев аҳди шукуфоии Қазоқистон шавад, аммо аҳди ӯро замони ривоҷи хешутаборбозӣ ва фасоду ришвахорӣ ҳам меноманд, ки хешонашро сарватманд кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарвати оилаи "Пешвои миллат"-и Қазоқистон дар Аврупо ва Амрико

Дар миёни хешовандони Назарбоев домодаш Тимур Қулибоев фарқ мекунад, чунки ӯро солҳои зиёд ба он айбдор мекарданд, ки сармояҳояш ба хотири робитаҳои оилавӣ ба даст омадааст. Рӯзи 2-юми декабри имсол нашрияи Financial Times навишт, як нақшаи пинҳонии Қулибоевро ошкор кард, ки барояш имкони даҳҳо миллион доллар афзудани сармояҳояшро тавассути созишномаҳои сохтмони лӯлаи газ бо Чин фароҳам намуд. Вакилони дифояш маълумоти наршударо дар нашрияи Financial Times рад мекунанд. Ба суолҳои Радиои Озодӣ дар ин замина посух надоданд.

Баъзе аз моликият, ки дар борааш хабарнигорони Радиои Озодӣ иттилоъ ҷамъ карданд, дар маркази баҳсҳои додгоҳӣ, баҳси тақсими моликияти ҷуфтҳои ҷудошуда ва дигар ҳолатҳо қарор доштанд.

Маълум нест, ки пас аз сари Назарбоеви 80-сола бо наздиконаш ва дороиҳои онҳо чӣ хоҳад шуд. , як муҳаққиқи сиёсати Осиёи Марказӣ дар Лондон мегӯяд, "низоми сиёсиву иқтисодии сохташудаи Назарбоев ба як шахс вобаста мебошад" ва афзуд, "хешовандони Назарбоев, ки намедонанд оянда чӣ мешавад, сармояҳои худро ба хориҷа бароварданд".

Евгений Жовтис, мудири Бюрои ҳуқуқи башари Қазоқистон, мегӯяд, дар кишвар "аз ҳам ҷудо кардани ҳукумат ва оилаи (Назарбоев) мушкил шудааст, аз ин рӯ, баъди марги ӯ чӣ мешавад, гуфтан душвор аст". Жовтис мегӯяд, дар чунин низоми сиёсӣ ба қонун ва ҳимояти қонун умед бастан намешавад.

ИСПАНИЯ

Хиёбони Canyelles 2(B), Лорет-де-Мар, Жирона

Нарх: Маълум нест

Молик: Тимур Қулибоев

Масоҳат: 20 гектар; хона 3 ҳазору 200 метри мураббаъ (тахминӣ).

Ҳадди ақал 19 ҳаммом ва як ҳавз дорад, кинотеатри хонагӣ, се сауна ва як гаражи калон. Ин бино дар баландие ҷойгир аст, ки ба соҳилҳои баҳри Миёназамини Испания нигоҳ мекунад. Номаш Can Juncadella буда, дар поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон аз ҷониби як саноатчии испаниягӣ сохта шудааст. Каме баъд онро як ширкати ҷопонӣ харид ва ҳамчун мактаб истифодаву раҳбарӣ мекард. Соли 2007 соҳиби он иваз шуд ва чанд дафъа дар маркази баҳсҳои додгоҳӣ қарор гирифт.

ФАРОНСА

Хиёбони de la Tropicale 23/24, Канн (бо номи La Tropicale ҳам маъруф аст)

Нарх: 22,9 миллион евро (34 миллион доллари амрикоӣ, соли 2008)

Моликон: Болат Назарбоев, Майра Қурмангалиева

Масоҳат: 6 ҳазору 464 метри мураббаъ.

Моликияте маъруф бо номи La Tropicale охири қарни 19 сохта шудааст. Дар яке аз қисматҳои бисёр боҳашамати шаҳри Канн ҷойгир аст. Аз баландии кӯҳ ба баҳри Миёназамин нигоҳ мекунад. Бисёр хонаҳо дар ҳамсоягии ин моликият деворҳои баланду дастгоҳҳои сабти видеоӣ доранд. La Tropicale соли 2010 дар миёни дигари моликияти ғайриманқул дар баҳсҳои додгоҳии миёни Болат Назарбоев ва ҳамсари собиқаш Майра Қурмангалиева қарор гирифт. Дар маводи додгоҳӣ гуфта мешавад, ки соли 2014 ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, аммо маълум нест, нисбат ба ин моликияти ҷойгир дар Канн чӣ қароре қабул шуд.

ШВЕЙТСАРИЯ

№399 Route D’Hermance, Анйер, кантон Женева

Нарх: 74,7 миллион франки швейтсарӣ (72 миллион доллари амрикоӣ, соли 2009)

Молик: Динора Қулибоева

Масоҳат: Бинои асосӣ 7 ҳазору 960 метри мураббаъ; сохтмонҳои дигар 3 ҳазору 200 метри мураббаъ.

Минтақаи Анйер маҳалли зисти сарватмандони Швейтсария, дипломат ва бонкдорҳост. Хонаҳои начандон бузург дар ҳамшафати виллаҳои бошукӯҳ қарор доранд, ки рӯи бомашон барои тафреҳ сохта шудаанд. Дар ин наздикиҳо як хонаи боҳашамати сеқабата ҷойгир аст ва зинапояи зебои 25-метрии он ба шакли шабпарак сохта шудааст. Як ҳавзи бузург, ҳаммом, хонаҳои барои қабули меҳмон ва даҳлези беруна дорад. Ин хона дар ин маҳалла яке аз гаронарзиштарин мебошад.

Villa Galli, Via Cantonale 3, Мелиде, Швейтсария (ҳамчунин бо номи La Romantica машҳур аст)

Нархи харид: Маълум нест

Моликон: Бедҷет Паколли, Тимур Қулибоев

Масоҳат: 11 ҳазору 14 метри мураббаъ.

Дар онҷо корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад. Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, нақша доранд дар онҷо як меҳмонхонаи панҷтабақа бо тарабхонаву ҳавзи шиноварӣ бисозанд.

Кӯшки Белрив, №25 ва 27 Chemin du Milieu, Коллонж-Белрив, кантон Женева

Нархи харид: 106 миллион франки швейтсарӣ (113,2 миллион доллари амрикоӣ, солҳои 2019 – 2020)

Молик: Динора Қулибоева

Масоҳат: 28 ҳазору 700 метри мураббаъ; бинои асосӣ ва сохтмонҳои дигар 890 метри мураббаъ; қитъаи замин 1,5 гектар ва як бинои начандон бузурги таърихӣ.

Дар Швейтсария иншооти фарҳангӣ эътироф шудааст.

АМРИКО

Хиёбони Collins 10225, хонаи 1801, Бэл-Ҳарбор, Флорида

Нархи харид: 3,4 миллион доллари амрикоӣ

Моликон: Болат Назарбоев, Дониёр Кесикбоев

Масоҳат: 355 метри мураббаъ.

Хонаи муҷаллал* бо се ҳуҷраи хоб ва панҷ ҳаммом. Ин манзилро соли 2006 ба 3,4 миллион доллар харидаанд. Бар асоси санадҳо, хонаро Дониёр Кесикбоев, писарандари Болат Назарбоев, бародари Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии пешини Қазоқистон гирифтааст.

2 Margo Way, Alpine, Ню-Ҷерсӣ

Нархи харид: 20 миллион доллари амрикоӣ

Моликон: Дониёр Кесикбоев, Майра Қурмангалиева

Масоҳат: 3 ҳазору 160 метри мураббаъ.

№930 ва 702, 55 Wall St., Ню-Йорк

Нархи харид: 2,6 миллион доллари амрикоӣ ва 1,7 миллион доллари амрикоӣ.

Моликон: Болат Назарбоев, Дониёр Кесикбоев

Масоҳат: 204 метри мураббаъ ва 109 метри мураббаъ.

Plaza Hotel, хонаи 1801, 768 Fifth Avenue, Ню-Йорк

Нархи харид: 20,2 миллион доллари амрикоӣ

Молик: Болат Назарбоев

Масоҳат: 427 метри мураббаъ

Хонае бо чаҳор ҳуҷраи хоб дар табақаи 18-уми меҳмонсарои Plaza Hotel ҷойгир аст.

ҶУМҲУРИИ ЧЕХ

"Мисливна", Sovova stezka 470/1, Карлови Вари

Нархи харид: 36 миллион крони чехӣ (1,4 миллион доллари амрикоӣ, соли 2017)

Соҳиб: Тимур Қулибоев

Масоҳат: Бинои асосӣ – 1015 метри мураббаъ; масоҳати умумии замин – 9 ҳазору 280 метри мураббаъ.

Бинои панҷошёнаи таърихӣ дар наздикии шаҳри Карлови Вари ҷойгир аст.

Villa Ahlan, Sadova 1075/53, Карлови Вари

Нархи харид: 10,5 миллион крони чехӣ (300 ҳазор доллар, соли 1999)

Молик: Ғайрат Боронбоев.

Масоҳат: 1412 метри мураббаъ.

Бинои чаҳортабақаи меҳмонсароро соли 1890 сохтаанд ва он ҳамчун "муҷассамаи фарҳангӣ"-и Ҷумҳурии Чех муҳофизат мешавад.

Меҳмонсарои Corso, Stará Louka 460/38, Карлови Вари

Нархи харид: Маълум нест

Молик: Зелина Катранова

Масоҳат: 526 метри мураббаъ

Бинои шаштабақа дар маркази Карлови Вари ҷойгир аст ва онро соли 2018 пурра бозсозӣ кардаанд.

Меҳмонсарои Mignon, Sadova 1049/55, Карлови Вари

Нархи харид: 2,96 миллион крони чехӣ (74 ҳазор доллари амрикоӣ, соли 2000)

Молик: Ғайрат Боронбоев

Масоҳат: 1 ҳазору 561 метри мураббаъ

Меҳмонсарои чаҳорситорадор марказҳои табобатӣ ва тиҷоратӣ дорад.

Маркази варзишии Hruskova, Hruskova 2194, Соколов

Нархи харид: Тақрибан 1,2 миллион крони чехӣ (62 700 доллари амрикоӣ)

Молик: Ғайрат Боронбоев

Масоҳат: Бинои асосӣ – 610 метри мураббаъ; қитъаи замин бо шумули ҷойи бозии теннис – 1129 метри мураббаъ.

БРИТОНИЁ

215 – 237 Baker Street, Лондон

Нархи харид: 136,4 миллион фунт (214,5 миллион доллари амрикоӣ, соли 2007)

Моликон: Дариға Назарбоева, Нуралӣ Алиев

Дар бораи масоҳаташ маълумоти дақиқ нест.

41–42 Upper Grosvenor Street; 41–42 Reeves Mews, Лондон

Нархи харид: 46,1 миллион фунт (92,2 миллион доллари амрикоӣ, соли 2007)

Молик: Тимур Қулибоев

Масоҳат: Беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ.

Pine Hill, Heatherside Drive, Вирҷиния-Уотер, Суррей, Инглистон

Нархи харид: 25,4 миллион фунт (39,9 миллион доллари амрикоӣ, соли 2014)

Молик: Ғайрат Боронбоев

Масоҳати бино 2 ҳазору 100 метри мураббаъ аст.

Sunninghill Park, Sunninghill Park, Buckhurst Road, Аскот, Инглистон

Нархи харид: 15 миллион фунт (30,1 миллион доллари амрикоӣ, соли 2007)

Молик: Тимур Қулибоев

Масоҳат: Беш аз 240 гектар.

Ҳавлии пешинаи шоҳзодаи Бритониё Эндрю.

*Муҷаллал -- бошукӯҳ, шавкат, ҷалол, азамат, қудрат