Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи панҷшанбеи 24-уми декабр маросими мазҳабӣ ба муносибати Ҷашни милоди Масеҳро дар Ватикан ба ҷо овард. Ӯ дар ин маросим аз мардум хост, ки ба ниёзмандону камбағлон кумак кунанд.
Баргузории ин ҷашн бинобар пандемияи фарогири коронавирус аз солҳои дигар фарқ мекард. Дар калисои Сан-Петери Ватикан дар ин маросим камтар аз 100 нафар иштирок карданд, дар ҳоле ки солҳои гузашта шумораи ширкатдорон ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасид.
Ин маросим зери чораҳои шадиди беҳдоштӣ баргузор шуд ва аксари кулли ҳозирин ниқобҳои тиббӣ доштанд.