Додгоҳе дар Покистон ба озод кардани Саидшайх дастур дод

Аҳмад Умар Саидшайх, додгоҳи Карочӣ. Моҳи марти соли 2020

Додгоҳе дар Покистон ба озод кардани шахсе дастур дод, ки соли 2002 ба қатли хабарнигори The Wall Street Journal Даниэл Пёрл айбдор шуда буд. Дар ин бора вакили мудофеи ӯ хабар дод. Додгоҳи олии Синд тасмими қаблиро бекор кард. Бино бар он, Аҳмад Умар Саидшайх дар боздошт мемонд. Вакили мудофеъ, Маҳмуд Шайх, хост, ки шахси зери ҳимояташро фаврӣ озод кунанд. Додгоҳи олӣ масъаларо рӯзи 5-уми январи соли оянда баррасӣ мекунад. Саидшайх покистонии зодаи Бритониё ва фориғуттаҳсили мактаби иқтисодии Лондон аст. Ӯро соли 2002 дастгир карданд. Пёрли 38-сола, мудири бахши Осиёи Ҷанубии The Wall Street Journal соли 2002, дар ҳоле ки дар Карочи таърихи ҷангҷӯёни исломиро таҳқиқ мекард, рабуда ва сар бурида шуд. Баъд аз як моҳи ҳодиса наворро ба консулгарии Амрико дар Карочи фиристода буданд.