Додгоҳ маҳрум кардани варзишгарони рус аз Бозиҳои олимпӣ ва Ҷоми ҷаҳониро таъйид кард

Додгоҳи ҳалли ихтилофҳои варзишӣ рӯзи панҷшанбеи 17-уми декабр ҳукми маҳрум кардани варзишгарони Русияро зери парчами ин кишвар дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бинобар допинги густурда ва созмонёфта таъйид кард, вале давраи маҳрумиятро аз 4 сол ба 2 сол коҳиш дод. Ин додгоҳ, ки қароргоҳи марказии он дар Швейтсария мебошад, ҳамчунин эълон кардааст, ки коҳиши муҳлати маҳрум сохтани варзишкорони рус маънои онро надорад, ки ин амалкарди Русия дуруст будааст.

Бар асоси ин ҳукми Додгоҳи ҳалли ихтилофҳои варзишӣ, давраи маҳрумияти Русия то 16 декабри соли 2020 идома хоҳад дошт ва дар натиҷа варзишкорони рус наметавонанд бо парчами он кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ва параолимпии Токио дар соли 2021 ва Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар дар соли 2022, иштирок кунанд.

Созмони байналмиалалии мубориза бо допинг дар моҳи декабри соли 2019 эълом кард, ки бахши русии ин идора бо таҳқиқ дар мавриди допинги густурда ва созмонёфтаи варзишкорони рус ҳамкорӣ накард ва ҳукми чаҳор соли маҳрумият аз рақобатҳои байналмилалиро барои Русия содир кард.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия он замон ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда, маҳкум карда буд. Ӯ гуфта буд, ки ин ҳукм бо рӯҳи ҳамбастагии Бозиҳои олимпӣ ҳамнаво нест.

Додгоҳи ҳалли ихтилофи варзишӣ дар шарҳи ҳукми худ гуфт, "ин ниҳод дар ҳукми худ мутаносиб будани муҷозот ва зарурати тағйир дар фарҳанги насли баъдии варзишкорони Русияро дар назар гирифтааст".

Раиси Созмони байналмилалии мубориза бо допинг зимни ибрози хурсандӣ аз пирӯзии ин ниҳод нисбати Русия, аз коҳиши муҳлати маҳрумияти варзишгорони рус ба ду сол ибрози таассуф кард. Бо ин ҳама ӯ, дар баёнияе афзуд, ки ҳукми додгоҳ сахттарин ҷазое аст, ки то ба ҳол бинобар допинг дар мавриди як кишвар содир мешавад.

Тибқи ин ҳукм, Русия наметавонад ба унвони як кишвар, бо парчам ва суруди миллии худ дар рақобатҳои варзишии байналмилалӣ тайи ду соли оянда ширкат кунад.

Аммо он даста аз варзишкорони рус, ки мушкили допинг надоштаанд, иҷоза хоҳанд ёфт, ки ба таври мустақилона зери парчами варзишкорони бетараф дар мусобиқаҳо ширкат кунанд.

Тибқи ин ҳукм, Русия аз мизбонии мусобиқаҳои байналмилалӣ тайи ду соли оянда маҳрум хоҳад шуд.

Созмони мубориза бо допинги Русия дар вокуниши аввалияи худ гуфт, аз ҳукми Додгоҳи ҳалли ихтилофҳои варзишӣ то ҳадде розӣ аст.