Вазорати муҳоҷирати Афғонистон рӯзи 17-уми декабр гуфт, 30 паноҳҷӯи афғон, ки дархости паноҳандагиашон дар Олмон рад ва аз онҷо ронда шудаанд, ба кишвар баргаштанд. Аз соли 2016 то кунун Олмон 937 нафарро, ки ҳаққи паноҳандагӣ нагирифтаанд бо 34 парвози чартерӣ ба Афғонистон баргардондааст. Бори охир чунин парвоз моҳи март сурат гирифт.
Як ҳавопаймои дигар рӯзи 16-уми декабр 11 муҳоҷири ихроҷшудаи афғонро аз Австрия ва Булғористон ба Кобул бурд. Ҳомиёни ҳуқуқ ихроҷи паноҳҷӯёнро ба Афғонистони ҷангзада танқид кард, гуфтаанд, ки бозпас фиристодани онҳо ба ватанашон бисёр кори хатарнок аст.
Бо вуҷуди оғози музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон, муноқиша байни онҳо идома дорад ва авзои амниятӣ ҳам бадтар шудааст.
Ҳамлаҳои тақрибан рӯзонаи Толибон ва ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” талафот дар байни мардуми осоиштаро зиёд кардааст. Ҷангу хунрезиву бомбгузориву мушакандозӣ дар Кобул ва дигар гӯшаҳои Афғонистон гоҳ-гоҳ идома мекунад.
Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон мегӯяд, дар 9 моҳи гузашта дар кишвар бештар аз 2100 нафар кушта шудаанд ва бештар аз 3800 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Пандемияи коронавирус авзоъ дар ин кишвари фақир дар ҷаҳонро бадтар кардааст.