Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, ба бемории коронавируси нав гирифтор шудааст. Дафтари ӯ рӯзи 17-уми декабр гуфт, натиҷаи ташхиси Макрон аз коронавирус мусбат баромад.
Президенти 42-соларо баъди пайдо шудани "нишонаҳои аввали беморӣ" озмоиш карданд. Бино ба гузоришҳо, ӯ як ҳафта худро дар инзиво ё дур аз дигарон нигоҳ медорад ва фосилавӣ ба кораш идома хоҳад дод.
Фаронса яке аз кишварҳои сахт осебдида аз бемории COVID-19 дар қораи Аврупо аст. Дар он кишвар 2,4 миллион кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 60 ҳазор кас ҷони худро аз даст додаанд.
Эмманэул Макрон, бонкдори собиқ, дар интихоботи соли 2017 дар Фаронса пирӯз шуд.
То кунун раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ба ин беморӣ гирифтор шуда, пас аз як давраи табобат дубора ба кор баргаштанд.