Амрико барои азнавсозии посгоҳи сарҳадии Чалдовар дар вилояти Хатлон қариб як миллион доллар медиҳад. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе рӯзи 15-уми декабр хабар дод, ки посгоҳи Чалдовар бо ҳамкории Раёсати Созмони Милал оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ азнавсозӣ мешавад.
Ба гуфтаи сарчашма, посгоҳи Чалдовар дар ноҳияи Шаҳритус ҷойгир шуда, гуфта мешавад бо 995 ҳазор доллар дар давоми як соли оянда барқарор карда мешавад.
Дар хабарномаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон омадааст, “баъди ба поён расидани лоиҳа, дар посгоҳи Чалдовар мешавад 40 сарҳадбонро ҷойгир кард. Ҳамчунин дар он, ҷой барои анҷомҳои техникӣ ва гузаронидани омӯзишҳои касбӣ ба миён меояд, ки амнияти сарҳадӣ ва мубориза ба маводи мухаддири Тоҷикистонро пойдор хоҳад кард.”
Тоҷикистон бо Афғонистон аз 1400 километр зиёдтар сарҳад дорад. Хатари гузаштани қочоқчиён ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротӣ яке аз ташвишҳои Тоҷикистон мемонад.
Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳангоми эълони лоиҳаи Чалдовар гуфтааст, “Тоҷикистон дар расондани амнияти минтақавӣ нақши муҳимро мебозад ва Амрико дар мубориза ба таҳдидҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ҳамроҳи устувори Тоҷикистон хоҳад монд.”
Аз ин пеш низ Амрико ба мақомоти амниятӣ ва нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон бо маблағи миллионҳо доллар техника барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дода буд.
Амрико дар 28 соли ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, муассисаҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.