Эҳтимолан рахнагароне аз Русия дар пушти як маъракаи ҷосусии интернетӣ қарор доранд, ки ба сохторҳои ҳукуматии ИМА, аз ҷумла, вазорати молияи ин кишвар инак як моҳ аст, ки ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Ҷон Улёт, сухангӯи Шӯрои амнияти миллӣ дар изҳороте рӯзи 13 декабр гуфт, ки ҳукумат ҳама иқдоми заруриро барои мушаххас кардану аз байн бурдани ҳама гуна ҳолати вобаста ба ин ҳамлаҳо рӯидаст гирифтааст. Аввал шуда дар ин бора Reuters хабар дод. Мақомоти огаҳ аз ин ҳолат гуфтанд, ки рахнагарон вазорати молияву як оҷонсии департаменти тиҷоратро ҳадаф қарор доданд, ки дар сиёсати интернет ва мухобирот қарор қабул мекунад. Инчунин нигарорӣ аз он вуҷуд дорад, ки шабакаҳои дигар сохторҳои давлатӣ ҳам метавонистанд осеб бинанд. Reuters ва Washington Post бо такя ба мақомоти Русия мегӯянд, ки дар пушти ин ҳамлаҳо ҳукумати Русия буда метавонад.