Эътилофи зидди шиканҷа дар Қирғизистон саргузашти Роза Горбаеваро нақл кард, ки 3 сол дар боздоштгоҳҳои мухталифи Қирғизистон нигаҳ дошта шудааст.
Чанде пеш Кумитаи СММ дар умури маҳви табъйиз нисбати занон дар робита ба ҳодисаи мазкур хулоса дод. Дар СММ гуфтанд, ин зан дар боздоштгоҳҳо табъйиз шудааст. Ӯро маҷбур кардаанд, ки дар ҳузури мардон ҳаммом гирад ва либосашро иваз кунад.
"Роза Горбаева замони тафтиши парванда ва баргузории додгоҳ дар муассисаҳои нигаҳдории муваққат бештар аз 3 сол нигаҳ дошта шудааст, ҳарчанд тибқи қонун, нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ набояд бештар аз 48 соат сурат гирад. Зеро дар боздоштгоҳҳои муваққат шароити нигаҳдории тӯлонии боздоштшудаҳо мавҷуд нест", - хабар медиҳад Эътилофи зидди шиканҷаи Қирғизистон.
Кумитаи марбутаи СММ мегӯяд, Қирғизистон уҳдадориҳои худро дар мавриди қазияи Роза Горбаева иҷро накардааст ва бояд ба ин зан ҷуброн пардозад, инчунин барои занон дар маҳалли боздошт муҳити амн фароҳам оварад.
Эътилофи зидди шиканҷаи Қирғизистон мегӯяд, ин нахустин ҳолати табъйизи занон аст, ки дар сатҳи байналхалқӣ эътироф шудааст.