Дар Туркманистон мубориза бо фурӯшандаҳои асъор сахттар шуд

Пули миллии Туркманистон.

Дар Туркманистон мубориза бар зидди хариду фурӯши асъори хориҷӣ тақвият дода шудааст. Дар натиҷа қурби 1 доллари амрикоӣ, ки то ду ҳафта пеш дар "бозори сиёҳ" 23 манат буд, ба 25,6 манат расид.

Болоравии қурби доллар нархи маҳсулотро ҳам дар бозорҳои Туркманистон 10-15 дарсад боло бурдааст.

Чанд манбаъ гуфтанд, кормандони пулис рӯзҳои ахир мубориза бо саррофонро дар бозорҳои шаҳри Туркманобод сахттар кардаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, кормандони пулис саррофонро бо суханҳои қабеҳ аз бозор меронанд ва мегӯянд, дигар барнагарданд.

"То чанде пеш саррофон муштариёнро дар бозорҳо истиқбол гирифта, "мепурсиданд, ки доллар ҳаст?". Вале аз дирӯз дар ҷойҳое, ки саррофон меистоданд, кормандони пулис дида мешаванд", - гуфт хабарнигор.

Як сарроф аз Туркманобод ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, муборизаи кормандони пулис бо саррофон аввали ҳафтаи равон оғоз шудааст, вале сабабҳояш ба онҳо маълум нест.