Сенати Фаронса аз ҳукумати ин кишвар даъват кард, ки Қарабоғи Куҳиро ҳамчун ҷумҳурии мустақил эътироф кунад.
Сенаторҳои фаронсавӣ гуфтаанд, яке аз сабабҳое, ки истиқлоли Қарабоғи Куҳӣ бояд эътироф шавад, ин "сиёсатҳои тавсиаталабонаи Туркия" аст.
Ба бовари сенаторҳо, амалкардҳои Туркия дар минтақаи шарқии баҳри Миёназамин, Шарқи Наздик ва Қафқоз "яке аз омилҳои асосии бесуботсозӣ аст". Дар даъвати сенаторҳои фаронсавӣ омадааст, ки ин амалҳо барои Фаронса ва Аврупо дар маҷмуъ хатаровар ҳастанд.
Сенати Фаронса "хушунати низомии Озарбойҷонро, ки бо кумаки мақомоти Туркия анҷом шудааст", маҳкум мекунад.
Муаллифони даъватнома гуфтаанд, Фаронса якҷо бо Русияву ИМА аз ҷумлаи кишварҳои танзимгари вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ аст. Дар ин робита сенаторҳо пешниҳод кардаанд, ки ҳукумати Фаронса барои ҷойгир кардани нерӯҳои посдори сулҳи байналхалқӣ дар Қарабоғи Куҳӣ талош варзад.
Боку дар посух ба даъвати сенаторҳои фаронсавӣ гуфтааст, ки Озарбойҷон истиқлоли Қарабоғро эътироф нахоҳад кард. Дар вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфтанд, ки даъватномаи сенаторҳои фаронсавӣ қувваи ҳуқуқӣ надорад.
Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27-уми сентябри соли равон якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ гашт ва дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом карданд.
Низои Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.